Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров и.в. раиси ҷумҳури Чеченистон таъин шуд


Рамазон Қодиров, як чеҳраи баҳсбарангез ва нахуствазири Чеченистон бо як фармони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури Чеченистон таъин шуд.


Алу Алхонов, раиси ҷумҳури Чеченистон як рӯз баъд аз он ки сарусадо доир ба истеъфои ногузирашро рад кард, ба мақоми дигар таъин шудааст.


Дар мулоқоте дар шаҳри Маскав Владимир Путин ба Алу Алхонов гуфт, ки дархости ӯ барои тағйири вазифаро пазируфта ва ӯро муовини вазири адлияи Русия таъйин кардааст.


Моҳи октябри соли гузашта Рамазон Қодиров, фарзанди раиси ҷумҳури пешини Чеченистон Аҳмад Қодиров сисола шуд ва ҳамингуна имкон дорад, ки раиси ҷумҳури ин кишвари ҷангзадаи Қафқоз шавад.
XS
SM
MD
LG