Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зулфияи қазоқ тоҷикӣ гап мезанад...


-Манучеҳр, ту дар оянда кӣ мешавӣ?
- Милисионер. Агар нағз хонам, оянда одами хуб мешавам, бобим мега...

Ин суҳбати мо на дар Душанбе ва ё дар дигар гушаи Тоҷикистон ё Узбакистон , балки дар Алмаато пойтахти ҷанубии кишвари Қазоқистон сурат гирифт ва ҳамсуҳбати мо низ тоҷикписарест, ки модараш қазоқ аст. Манучеҳри даҳсола ҳарчанд дар мактаби русӣ мехонаду бештар бо бачагони қазоқу рус бозиву ҳамнишинӣ мекунад, забони точикӣ ё форсиро хуб медонад. Ҳамчунин вай забонҳои русиву қазоқиро балад аст ва бо ин забонҳо низ шеърҳо ё ба гуфтаи худи Манучеҳр байтҳо медонад.
( Манучеҳр бо ин забонҳо шеър мехонад)

Чун Манучеҳо бародари бузургаш Маҳмадюнус, ки дар синфи чорум таҳсил мекунад, низ сезабона аст.Хоҳарчаи онҳо Сайёраи дусола бошад, нав ба гуфтаи падараш Набиҷон ба тоҷикӣ забон бароварда истодааст.
Дар Алмаато дар ин оилаи, ба истилох байналмилалӣ, яъне хонаводае, ки аз тоҷику қазоқ бунёд шудааст, забони тоҷикиро донистани кудакон аз хидмат ва муҳаббати хонуми қазоқ Зулфия ҳамсари Набиҷон аст.


Зулфия мегуяд, ки онҳо дувоздаҳ сол қабл риштаи зиндагии хешро ба ҳам пайвастанд ва чун онон бештар бо тоҷикон равуо доштанд, забони тоҷикиро омухт ва ин забон дар хонаводаи онон забони аслӣ гардид. Ба гуфтаи Зулфия воқиан мақоли «Забон донӣ --чаҳон донӣ» дуруст будааст ва забони точикӣ ба ҷуз дар Душанбе ё дигар шаҳрҳои тоҷикнишин мисли Самарқанду Бухоро ва кишварҳои Эрону Афғонистон ҳатто гоҳо дар Алмаато-шаҳри қазоқхо ҳам ба кор меомадааст:


"Ба бозор бисёр афғонҳо меоянд , эрониҳо меоянд, забони русиро намедонанд, ҳамин тур гап мезанем ба тоҷикӣ, ба забони форсӣ. Онҳо мепурсанд, забони тоҷикиро аз куҷо ёд гирифтӣ, мегуям шавҳарам тоҷик аст, ёд гирифтам".


Зулфия мегуяд, ки ҳаёти хонаводагӣ бо Набиҷон уро ба ҷуз забон боз бо расму русум ва анъаноти тоҷикон ошно кард. Алъон вай бештар бо хонаводаҳои тоҷик, ки дар Алмаато зиндагӣ мекунанд, равобити дустӣ дорад.
Зулфия чун дугонаҳои тоҷикаш ба онҳо дастурхони тоҷикӣ меорояд ва ба онҳо таомҳои тоҷикӣ мепазад. Ба гуфтаи Зулфия устоди вай дар пухту паз шавҳараш аст:


-Палавпазиро шумо чӣ тур ёд гирифтед, пештар пухта метавонистед ё тоза омухтед?
-Не, аз шавҳарам ёд гирифтум ( механдад). Курутова ёд гирифтум, шакарова, туршака...

Дар кори тиҷорат низ Зулфия мададгори шавҳар аст. Вай дар бозори Балашак ҳамроҳи бародарони Набиҷон ба тиҷорати пойафзол машғул аст. Ба гуфтаи Набиҷон, маҳз ҳамин тиҷорат боиси ошноӣ бо ҳамсараш гардид.

"Вақте, ки ман дар бозор кор мекардам, вай омад аз ман мева харид. Ҳамин қатӣ оҳиста- оҳиста мо шинос шудем. Баъд худованд насибу рузӣ будааст, бо вай хонадор шудам. Маро гуш мекунад, ҳурмат мекунад, ҳатто забони моро аз худ кард".


Набиҷон Насриддинов дар чаҳордаҳ соли муҳоҷират аввалҳо ба тиҷорати меваю сабзавот ва либос машғул шуд. Баъдан ба тиҷорати пойафзол гузашт ва оҳиста – оҳиста доираи тиҷорати хешро тавсиа бахшид. Ҳоло у дар бозори Адем се дукони пойафзолфурушӣ дорад. Ҳамчунин дар бозори Болашак низ дар чанд нуқтаи савдои у ҳамсару бародаронаш кор мекунанд.


Вай мақсад дорад, ки дар Тоҷикистон низ бо кумаки хешовандонаш корхонае ташкил намояд. Набиҷон мегуяд, ки ҳарчанд дар Алмаато зиндагиаш хуб аст ва тиҷораташ бад нест, вале дар ниҳояти кор ба Ватан бояд баргардад ва онро чун дигарон обод намояд:


"Меравем мо, баргашта ба ватани худ меравем, мо рафта бояд обод кунем, ин дунё ҳамин аст, имруз хастӣ , фардо нестӣ, аз ту бояд ягон чиз боқӣ монад. Мисол, ҳамин маоши ту 500 доллар, сад доллар ҳам роҳӣ кунӣ, хуб аст. Мисол аз як деҳа сад нафар аст, агар даҳ долларӣ барои муаллимон роҳӣ кунанд бас аст. Кӣ дар ҳамон мактаб мехонад? Хоҳарони худамон мехонад, духтарони худамон мехонанд, писарони худамон мехонад. Барои Тоҷикистон чунин дастгирӣ лозим аст. Шахсан худам маблағе ҷудо мекунам, ба муаллимон медиҳам".


Ба андешаи бозаргон муҳимтарин коре, ки ҳар фарди тоҷик, ба вижа бозаргон анҷом медиҳад, то қадри имкон ба деҳу ватани хеш кумак расонидан аст. Аз ҷумла, дар рушди маорифу нигаҳдории тандурустӣ саҳм гирифтан бузургтарин хайр аст, зеро ин риштаҳо дар ҳоли басо сангин карор доранд, мегуяд Набиҷон.


Бозаргон таъкид мекунад, агар ба Точҷикистон баргаштанӣ шаванд, онҳо ба Ватан ба чуз аз маблағ боз донишу таҷрибаи корӣ хоҳанд бурд. Зеро аҳли оилаи онҳо ҳам таҷрибаи хуби тоҷирӣ ҳосил карда, чанд забонро омухтаанд. Ҳамсараш Зулфия дар чанд сафараш ба Тоҷикистон ва ошноӣ бо аҳли хонаводаи Набиҷон ин кишварро дуст дошт ва дар Тоҷикистон барои вай мушкиле пеш нахоҳад омад, зеро вай ҳам забони тоҷикиро медонаду ҳам бо расму одати тоҷикӣ ошност. Аз суи дигар ин масъаларо худи шавҳараш ҳал мекунад ва шавҳараш ҳар ҷое бошад, вай низ он ҷо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG