Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистони Борис Пилняк


НОМАИ ГУЛАНДОМ

Ибораи "тарҷумони фарҳангҳо" ба ман бисёр писанд омад. Ташаккур барои сохтани чунин ибора. Агар афроде монанди Капушински дар олам зиёд бошанд ва мардумони ҷаҳон ва фарҳанги онҳоро бо ҳам ошно кунанд, ва чунин корро бе ягон ғараз ва пешдоварӣ ба ҷо оранд, он гуна ки мебинем журналисти Лаҳистонӣ ба ҷо овардааст ва аз худ нақши муҳиме дар зиндагии инсонҳо гузоштааст, он гоҳ дар дунё ҷанг ҳам кам мешаваду сулҳу тафоҳум бештар. Чунин вазифаро бархе аз нависандагони рус иҷро кардаанд, вале дар замонҳои гузашта, дар давраи шӯравӣ, ки Шумо ҳамеша онро ҳадафи танқид қарор медиҳед. Яке аз беҳтарин китобро дар бораи тоҷикон нависандаи рус Борис Пилняк навиштааст, вале афсӯс ки ин китоб бо теъдоди хеле кам чоп шуда, дигар нашр нашудааст. Агар дар Русия ин китоб бори дигар ва бо адади бештар чоп мешуд, шояд чунин муносибате ки дар он ҷо бо муҳоҷирони тоҷик мавҷуд аст, такрор намшуд ё хеле коҳиш меёфт. Хуб аст, агар дар бораи ин нависанда ва китоби ӯ як гузориш ё барномае таҳия кунед.
Бо саломҳои гарм аз хонаи сард дар Душанбе
Гуландом.

ПОСУХ БА ГУЛАНДОМ

Хонуми Гуландомро аз ибораи "тарҷумони фарҳангҳо" бисёр хуш омадааст. Ростӣ, бояд ба нависандаи Ню Йорк Таймс ташаккур гуфт на ба ман, ихтироъи онҳост, банда ҳаққи муаллифии касеро фурӯ бурданӣ нестам ва ҳанӯз дар ҳамон барнома низ гуфта будам.
Аммо, ишораи Гуландоми азиз ба нависандаи машҳури рус Борис Пилняк моро водор кард ба корномаи шахси наҷибе рӯ оварем, ки дар солҳои сиюми садаи гузашта ба Тоҷикистон сафар карда, дар бораи ин кишвар маводи зиёде гирд овардааст ва мехостааст, романе дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон нависад, аммо дертар бо бадбинии ҳукумати вақти шӯравӣ рӯбарӯ мешавад ва аз навиштан бозмемонад. Китобе, ки Гуландом бону ба он ишора мекунад, бо номи "Тоҷикистон. Шӯравии ҳафтум. Маводи роман" дар соли 1931 дар Лениград бо теъдоди хеле кам нашр шудааст. Сипосгузорем аз бонуи азиз Гуландом, ҳамеша гуландом бошед ва ташаккур, ки барои мо мавзӯъи наву хубе пешниҳод кардед.

ТОҶИКИСТОНИ БОРИС ПИЛНЯК

"Чунин муносибати инсонгароёна бо инсонро ман дар ҳеч ҷое ба ҷуз Тоҷикистон надидам."
"Кӯҳистони тоҷик як симфонияи кайҳонист!"
Ин ҷумлаҳо аз китобеанд, ки шунавандаи мо Гуландом зикр кард. Китоби нотамоми Борис Пилняк дар соли 1931 ба нашр расид, шояд баъд аз он ки вай аз андешаи навиштани романи "Тоҷикистон" даст кашид.
Пилняк, соли таваллудаш 1894, ҳамсоли Абдурауфи Фитрат ва ҳамсарнавишти ӯ (соли қатл -- 1937), яке аз машҳуртарин нависандагони оғози замони шӯравист, ки навиштанро ҳанӯз пеш аз инқилоб сар карда буд ва то соли 1934 яке аз ҳамсангони Максим Горкий ба шумор мерафт. Вай дар соли 1930 ба Тоҷикистон сафар кард ва қариб аз ҳамаи минтақаҳои он дидан карда, бо одамон ҳамсӯҳбат шуд ва гуфт, китобе хоҳад навишт, ки ҳамаи навиштаҳоро дар бораи Тоҷикистон беаҳамият хоҳад кард. Ба андешаи ӯ ин як романе мешуд дар бораи шикасти аморати Бухоро, ҷангҳои босмачӣ ва таъсиси ҷумҳурии алоҳидаи Тоҷикистон.

Аз муҳаққиқи рус Иван Толстой, набераи Алексей Толстой, ки ҳамзамони Пилняк буд, мепурсам, аввалан оё Борис Пилняк чи касе буд ва чаро Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ӯро ба худ кашид?

"Вай табиъатан касе буд, ки ҷаҳонгардиро дӯст медошт. Сайёҳатҳои зиёде кардааст, чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб ва як инсони ҷӯяндае будааст. Вай таассуроти нав мехост, мавзӯъҳои нав ва шаклҳои нав ва дидгоҳҳои нав. Куллан як инсони беқарор ва як мудернист буд. Мудернист дар ҳама чиз. Тағйири фазои атроф як нишонаи майли ӯ ба мудернизм буд. Нависандагоне ҳастанд, ки дар як коргоҳи танг менишинанду ҷаҳонро аз равзанаи хаёл мебинанд, вале нависандагони дигар ба таассуроти амиқи диданӣ ниёз доранд ва Борис Пилняк аз ҳамин тоифае буд, ки ба таассуроти барҷаста ва дурахшони берунӣ ниёз доранд, то битавонанд онро баъдан ба каломи бадеъ табдил диҳанд."

Тавре маълум мешавад, аксари китобҳои ӯ дар хориҷа нашр шудаанд ва гӯё пас аз як қиссаш, ки гуфта мешавад, аз саргузашти фармондеҳи шӯравӣ Фрунзе навишта шудааст, зери фишори мақомоти давлат афтод.

"Комилан дуруст аст. Сухан аз қиссаест, ки ҳамин гуна ном дорад, "Қиссаи моҳи хомӯшнашуда". Ин асари соли 1925 аст, ки дар заминаи овозаҳои марбут ба Фрунзе навишта шудааст. Овозаҳои он ки Фрунзе маҷбуран ба бемористон хобонда шуда, табобати, ба истилоҳ ӯ, тавре сурат гирифт, ки дигар аз бистар барнахезад. Албатта, инҳо овозаҳое буданд, ки далели мустанад надоштанд. Аммо вақте қисса дар маҷаллаи "Новий мир" нашр шуд, як моҷарои бузурги сиёсию адабӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин ҳодиса Пилнякро ба миқдори зиёд зери фишор гузошт, ин ҳам дар ҳоле ки шӯҳрати ӯ хоби бисёре аз ҳамкасбонашро ҳаром карда буд. Садҳо нависандаи ҷавон ба ӯ тақлид мекарданд, то ҷое ки ҳатто Маяковский дар як шеъраш мегӯяд, ҳамаи Русия зери пилнякҳо монд. Вай "пилняк"-ро бо "сорняк", яъне алафи зараровар шабеҳ карда буд."

Вале ба назари шумо, чаро Борис Пилняк романи "Тоҷикистон"-ро нанавишт ва ё нотамом боқӣ гузошт, дар ҳоле ки ба гуфтаи худаш маводи кофӣ гирдоварӣ карда буд?

"Ба назари ман Пилняк дар ҳоле ки дар авоили солҳои сиюм ҳарчи бештар ба як нависандаи аз диди шӯравиҳо "дуруст" тадил меёфт, на ҳамеша метавонист, андешаи худро ба он тавре ки дар лаҳзаҳои сафараш ташаккул додааст, ба асари бадеӣ табдил диҳад. Ба назари ман, китоби иҷронашуда дар бораи Тоҷикистон як намунаи он ҳолатест, ки вақте нависанда натавонистааст, вазифаеро, ки замона дар пазди ӯ мегузорад, ба анҷом расонад. Замона золим буд, на ин ки нависанда заъиф ё бад. Бо вуҷуди он ки вай як устод буд, замона зидди устодии ӯ ва бадеъияти кори ӯ амал мекард. Ва нирӯи фишори беруна ба ӯ аз нирӯи муқовимати дохилии ӯ бештар буд, дастикам дар чанд бахш. Зеро баъзе чизҳоро, ӯ ба ҳар ҳол навишт ва ҳукумати шӯравӣ ба онҳо эрод надошт, аммо китоби Тоҷикистонро навишта натавонист ва сабабҳо сирфан бадеъӣ буданд. Вай, ки як нависандаи хушзабон буд, мехост, ба шеваи тобону вижа дар бораи Тоҷикистон бинависад, дар бораи кишваре ки кам касон онро медонанд, аммо нашуд. Вай шикаст. Ин яке аз шикастҳои сершумор, ё дақиқтараш бешумори шикасти ҳунарманд аст дар зери фишори замонаи ғайриинсонӣ."

Ташаккур, Иван Толстой, муҳаққиқи адабиёти садаи бистуми Русия ва назари ӯ ба эҷодиёти Борис Пилняк.

Аз пешнависҳои Пилняк мо як Тоҷикистони дар ҳоли таҳаввулро мебинем ва ҳам ишқи нависандаро ба ин кишвар. Ва ҳақиқати ҳолро. Вай менависад, аз коҳгили кулбаҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа шаҳрҳои наву обод бино мешаванд. Дар коҳгилҳо лолаҳо мерӯянд ва аз кӯчаҳои Душанбе саворагони аспҳои зебо мегузаранд.
Ё менависад, ман дар Сарои Камар шоҳиди ҳабси сардори милиса шудам. Ин кас аз Русия омада, ба кори милиса даромад ва то сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ сабзид ва дертар маълум шуд, дар Русия ҷиноятҳои сангине кардаасту ба Тоҷикистон фирор кардааст, то худро пинҳон кунад.
Пилняк бо ишқи бузурге дараву адирҳои Тоҷикистонро тасивр мекунад ва мардону занони кӯҳистон дар тавсири ӯ нирӯманди софдиланд.
XS
SM
MD
LG