Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмонов Ислом Каримовро саркӯб кард


Ва аммо иддае аз ҳафтаномаҳо матолиби вижа ва ба истилоҳ,«обнарасида» низ интишор намудаанд. Мисли нашрияи «Миллат», ки аз ҷароҳатбардории ду вазири собиқи амният Саидамир Зуҳуров ва Саиданвар Камолов бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб гузориш медиҳад. Ба навиштаи «Миллат», оқои Зуҳуров захми ҷиддӣ набардоштааст ва ҳоло дар хона бистарист, аммо Саиданвар Камолов феълан дар беморхонаи Қарияи Боло табобат мегирад. Бозрасии давлатии нақлиётӣ аз шарҳи қазия худдорӣ кардааст ва рӯшан нест, ки ин садама сӯйиқасд будааст ё тасодуф.






«Факти и комментарии», нашрияи сиёсӣ мусоҳибае бо Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон оростааст. Дар ин мусоҳиба оқои Раҷабалиев аз як ба истилоҳ, «муҳориба» миёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов ёдовар мешавад, аммо ин «муҳориба», тавре усулан гуфтем, рӯйи майдони теннис дар соли гузашта дар Қазоқистон сурат гирифтааст, ки дар натиҷа Эмомалӣ Раҳмонов ҳамтои ӯзбекашро мағлуб кардааст. Ва ин дар ҳолест, ки мегӯяд Раҷабалиев, Ислом Каримов дар бозии теннис таҷрибаи зиёд доштааст. Ҳамзамон ба гуфти манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар волейбол ва футболбозӣ низ маҳорати хуб доштааст.






«Наҷот», нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизбро оид ба шадидан маҳкум кардани тасмими Ҳукумати Исроил дар мавриди анҷоми умури археологӣ ва ё азнавсозии масҷиди Ал-Ақсо интишор додааст. Дар ин баёния аз ҷумла ишора шудааст,ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳама гуна корҳои сохтмонӣ ва ба ин маъно дигар чорабиниҳоро дар атрофи масҷиди "Ал-Ақсо", ки аз тарафи Исроил яктарафа ва мавқеъи мусулмонон ба инобат гирифта намешаванд, раво намебинад. Ва дар ин зимн талаб дорад, ки тасмими шаҳрдории Байтулмуқаддас дар мавриди боздошти корҳои сохтмонӣ на ба таври муваққат, балки доимӣ мутаваққиф гардад.






Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии «Нигоҳ» ба 100 шаҳрванд бо суоли «Сиёсати хориҷии Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?» муроҷиат кардааст. 32 дарсади афроди пурсида шуда дар посух ба ин суол душворӣ кашиданд ва танҳо 6 фоизи онҳо ба сиёсати хориҷии давлат баҳои аъло додаанд, аммо 23 дарсади пурсидашудагон ин сиёсатро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардаанд.






Ин дар ҳолест, ки нашрияи «Фараж» низ ба ноогоҳӣ ё камтаваҷҷӯҳии шаҳрвандон ишора карда менависад, имрӯз бо гузашти ҳамагӣ 17 сол дигар кам касе аз воқеаҳои хунини баҳманмоҳи соли 1990 ва қурбониёни он ёд мекунад. Дар сармақолаи «Фараж» омадааст: «14-уми феврал мардуми тоҷик намедонад мотами қурбониёни баҳманмоҳро бигирад ва ё рӯзи ошиқонро таҷлил намояд».
Ва аммо бо таманнои рӯзгори хушу тантанаи меҳру муҳаббат,
XS
SM
MD
LG