Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи айбдоршавандагони таркишҳои Мадрид


Аввалин айбдоршавандаи ин муҳокима гуфт, тасмим гирифтааст, ки то охир ҳарфе ба забон наорад. "Ман айбномаро эътироф намекунам, ба раиси ва аъзои додгоҳ эҳтиром дорам, вале ба як суол посух нахоҳам дод, ҳатто дар дифоъ аз худ низ." Чунин гуфт Рабеъ Усмон Аҳмади 35-сола, ки бо номи Муҳаммади Мисрӣ низ ёд шуда, аз ташкилкунандагони асосии таркиш дар қатори роҳи оҳани Мадрид ба шумор меравад.

Додситон мегӯяд, далелҳо дорад, ки ин шахс дар Афғонистон таълими низомӣ гирифтааст ва сӯҳбатҳои телефонии ӯ забт шудаанд, ки гуфтааст, ҳамаи амалиёти Мадридро вай таҳия кард ва омода буд, шаҳид шавад, вале худо нахост. Додгоҳи Милан дар моҳи ноябри соли гузашта ӯро ҳамчун узви созмони террористӣ маҳкум карда буд.

Агар гуноҳи Муҳаммади Мисрӣ исбот шавад, вай бо ҳукме рӯбарӯ хоҳад буд, ки 40 ҳазор соли зиндонро муқаррар мекунад, ҳарчанд қонунҳои Испониё ба ҳукми ҳабси беш аз чилсола иҷоза намедиҳанд. Бақияи айбдоршавандагон асосан марокашӣ, сурёнӣ ва яке аз онҳо испониёист.

Айбнома аз сад ҳазор саҳифа иборат буда, 600 шоҳид ва беш аз 100 коршинос ба муфаттишон баёнот додаанд. Муҳокима ҳафтае се рӯз давом карда, дар моҳи июл ба поён мерасад.
50 курсӣ дар толори додгоҳ ба қурбониёни таркиш дода шудаанд ва ҳамчунин 150 курсӣ дар толори дигарест, ки ба воситаи телевизинои дохилӣ мешавад, муҳокимаро дид.

Ҳайсус Рамирез Кастанедо дар таркиши соли 2004 маҷрӯҳ шуда буд. Пояш шикаста, пӯсташ сӯхта ва пардаи гӯшаш даридааст. Вай мегӯяд, суоле ки ҷабрдидагон батакрор матраҳ мекунанд, ин аст, ки оё чӣ тавр мешавад, одамон ҳафти саҳар ба қатор нишинанд, ҷузвдонҳои пур аз маводи таркандаро дар миёни курсиҳо гузоранд ва берун раванд, бе он ки аз ҳаёти дигароне, ки куштаниянд, чизе бидонанд.

Ҳамроҳ бо Мисрӣ шаш нафари дигар дар ташкили таркиш ва 22 нафари боқӣ ба ҳамкорӣ бо террористон, нигаҳдошти маводи тарканда ва тақаллуби аснод айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG