Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо стратегияи худро дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад


шаҳри Бруссел Аҳто Лобйакас Ҳукумати Олмон тайи моҳҳои дароз талош дорад, Иттиҳоди Аврупоро ба як бозигари асосӣ дар Осиёи Марказӣ, ин минтақаи саршор аз захираҳои инержӣ, табдил диҳад.

Пас аз гуфтушунид бо ҳайъати Қазоқистон дар Бруссел, рӯзи 13-уми феврал, ноиби вазири корҳои хориҷии Олмон, Гернот Урлер гуфт, пешнависи стратегияи нави минтақавии Иттиҳоди Аврупо аллакай омода аст ва рӯзи 28-уми март, дар мулоқоти Остона, ба таваҷҷӯҳи вазирони умури берунаи ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ расонда хоҳад шуд. Пас аз гирдоварии вокуниши ин кишварҳо, Олмон дар моҳи июни соли равон барномаи навро барои имзо ба сарони Иттиҳоди Аврупо пешниҳод мекунад.

Урлер мегӯяд, ҳамин тариқ Иттиҳоди Аврупо соҳиби як барномаи амал дар Осиёи Марказӣ мегардад, ки масъалаҳои мухталиферо аз ислоҳоти демократӣ гирифта, то ҳамкориҳои иқтисодӣ дар назар хоҳад дошт:

"Саргаҳи барнома он аст, ки мо ба аҳамияти рӯзафзуни ҳамаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози сиёсати амниятӣ ва имкониятҳои иқтисодӣ қойилем. Имкониятҳои иқтисодӣ барои Иттиҳоди Аврупо аз ҳамкорӣ бо минтақа густариш хоҳанд ёфт ва табиатан, аз нигоҳи арзиш ва усули худ мо ба демократиконии минтақа низ таваҷҷӯҳ дорем. Рушди ҳарду, ҳам идораи хуб ва ҳам волоияти қонун, метавонанд ба эътидоли минтақа хидмат кунанд."

Урлер мегӯяд, барномаи стратегӣ як маромномаи фалсафӣ нахоҳад буд, балки манфиатҳои мушаххаси Иттиҳоди Аврупоро номбар хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, Иттиҳоди Аврупо хостори мусобиқаи нуфуз бо Русия ё Иёлоти Муттаҳида, Чин ё Ҷопон набуда, мехоҳад, муносибати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамаи коршарикони он ҳаддалимкон шаффоф бошанд.

Дар ин пайванд, Олмон Қазоқистонро калиди асосии муваффақияти Иттиҳоди Аврупо дар минтақа медонад ва талош хоҳад кард, ки Остона дар соли 2009 раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро ба даст орад. Аксари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз номзадии Қазоқистон пуштибонӣ мекунанд, вале бархе ба раёсати он дар САҲА мухолифанд.

Урлер мегӯяд, дастгирии кишварҳо тақвият хоҳад ёфт, агар Қазоқистон аз тағйири бештар дар қонунҳои интихобот, озодии матбуот ва бархӯрд ба аҳзоби сиёсию созмонҳои ғайридавлатӣ хабар диҳад. Ба эътиқоди Урлер Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқи инсон ва ислоҳоти демократиро қурбони манфиатҳои иқтисодӣ ва ё ташнагии инрежӣ нахоҳад кард.

Дар мулоқоти рӯзи сешанбе бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо раиси ҳайъати Қазоқистон, вазири кишоварзии ин кишвар Аҳмадҷон Йессимов гуфт, бовар дорад, ки фишори Иттиҳоди Аврупо дар ин масъалаҳо бонатиҷа хоҳад буд.

"Дарвоқеъ, мо танқидҳоро бодиққат шунидем. Албатта, дар баъзе масъалаҳо мо ақидаи худро дорем, вале ба сурати куллӣ ин эродҳоро хеле ҷиддӣ хоҳем гирифт ва онҳоро хоҳем омӯхт. Дар риштаи демократиконӣ мо бо иштироки Иттиҳоди Аврупо дар нӯҳ соли гузашта ба натиҷаҳои хуб расидем ва лаҳни сӯҳбатҳо имрӯз воқеан иваз шудааст."

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бояд рангорангии аъзои худро нишон дода тавонад ва биноан аз раҳбарии як кишвари Осиёи марказӣ дар он бурд хоҳад кард.

Ноиби вазири корҳои хориҷии Олмон Гернот Урлер мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ислоҳоти қонунгузорӣ ва низоми адлия кӯмак мекунад.

Ҳамчунин наздикии Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва мушкилоти он низ ба манфиатҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақа таъсир хоҳад дошт. Урлер қайд кард, ки тақрибан ҳамаи ҳероине ки ба Аврупо қочоқ мешавад, аз хилоли Осиёи Марказӣ мегузарад. Терроризми байнулмилал ва бунёдгароии исломӣ аз ташвишҳои дигари Аврупо ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG