Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон аз президенти нав чӣ мехоҳанд?


Ҷавонҳои туркман аз раиси ҷумҳурии нави худ роҳандозии ислоҳоти куллӣ дар низоми маориф, рафъи бекорӣ, муқобила бо маводи мухаддир ва озодиҳои бештарро интизор доранд. Аммо дар айни замон, шумори хеле зиёди ҷавонони ин кишвар, ки нисфи ҷамъияти наздик ба 5 миллион нафараро ташкил медиҳанд, чандон хушбин нестанд, ки раҳбари нав навовариҳои зиёд хоҳад овард. Мисли ин ҷавони туркман, ки мегӯяд:

"Ман ба ҳукумати нав эътимод надорам, чунки он дар фикри мардум нахоҳад буд. Тавре то ҳол шоҳидаш будем. Фасоду ришват дар ҳама ҷо реша давонда зиндагии мардумро бо мушкил рӯбарӯ кардааст"

Сафармурод Ниёзов тайи беш аз 20 сол раҳбари воҳиди Туркманистон, ҷумҳурии ғанӣ аз захоири энержии Осиёи Марказӣ буд. Ин кишвар баъди пошхӯрии шӯравӣ истиқлолият ва бетарафии комили худро эълон кард ва гуфт, ки ба ҳеҷ гуна созмону ташаккулҳо шомил намешавад. Тадриҷан, дар пайи тағйироти ҷорикардаи Туркманбошӣ низоми маориф бештар ба як пояи бисёр содда баргашт, соли таҳсил дар мактабҳои миёна то 8 сол ва дар мактабҳои олӣ то 3-4 сол коҳиш дода шуд, шумори муассисаҳои тиббӣ кам гардид. Дар кишвар амалан расонаҳои мустақилу созмонҳои ҷамъиятӣ фаъол нестанд. Аввалин ваъдаи номзади мақоми раёматҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ин буд, ки дар низоми маориф ислоҳот ҷорӣ карда дубора муҳлати таҳсилро ба чаҳорчуби меъёрҳои маъмулӣ бармегардонад. Олтин Магауна, таҳиякунандаи гуфторҳои ҷавонии бахши туркмании радиои Озодӣ гуфт, ки аз нигоҳи ҷавонони ин кишвар танҳо тамдид шудани мӯҳлати таҳсил кофӣ нест:

"Ҷавонон интизори ислоҳоти низоми маориф ҳастанд, бекорӣ ҳам мушкили шадиди дигар аст. Инчунин мехоҳанд ба шабкаи Интернет дастрасии васеъ дошта бошанд. Ҳамаи ин ва инчунин фароҳам овардани шароити бештар барои соҳибкории хурду миёнаро Бердимуҳаммадов дар таблиғоти пешазинтихоботии худ ваъда дода буд, аммо муҳимтарин чизе ки ҷавонон аз раиси ҷумҳурии худ интизор доранд, ин боз кардани кишварашон мебошад".

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бархе таҳлилгарони дохилӣ чун як шахси ором, фармонбардор ва ҳарфшунав арзёбӣ мекунанд, аммо дар айни замон, ба қавли таҳлилгарон, ӯ метавонад як шахси назарфиреб бошад. Вай аз оғози маъракаи интихоботиаш гуфтааст, ки сиёсати Ниёзовро идома хоҳад дод. Бархе мегӯянд, ки эҳтимол дорад вай ислоҳоти ҳамаҷонибаро дар кишвар ором-ором шуруъ кунад, то мардуми ба яккаҳукмронӣ одаткардаву як насли дар аҳди Туркманбошӣ ба воярасидаро дар ҳолати ногувор қарор надиҳад. Аммо боз ҳам гуфта мешавад, ки набояд интизори тағйироти ҷиддӣ ва озодиҳои зиёд шуд, чун ин маънои боз шудани кишвар, озодии зиндониёни сиёсӣ, бозгашти мухолифин аз хориҷа ва рафту омади бештари ҷавонҳоро берун аз кишвар хоҳад дошт. Таври маълум, дар ин сурат мавқеи раҳбари кишвар ҳам метавонад хеле ларзон шавад.
XS
SM
MD
LG