Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат лифтҳоро таъмир мекунад


«Дар ин 11 ошёна бозорӣ кардан мушкил аст бароямон боз аксаран об нест ва маҷбурем худамон то ошёнаҳои боло об кашем, хулоса бе лифт зиндагии мо хеле мушкил аст.»

«То кӯдакони хурдсоламон дар бутилкаҳо об мекашонанд. Ин ба саломатимон албатта зарар мерасонад.»


Ахиран шаҳрдории Душанбе бо нияти таъмир ва дубора фаъол кардани лифтҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба маблағи тақрибан 5 миллион сомонӣ ҷудо кард. Шавкат Саидов, сухангуйи шаҳрдорӣ мегӯяд, аз 376 лифт, ки дар биноҳои истиқоматӣ васл шудааст, 223 тои онҳо вайрону фарсудаанд. Вай дар идомаи суҳбаташ гуфт:

«Имрӯз на ҳамаи оилаҳо барои таъмири лифт, ки чандин сол аз кор мондааст маблағи кофӣ доранд. Ба ин хотир ин тадбир амалӣ шуда истодааст.»

Зимнан бояд гуфт, пас аз пошхӯрии Шӯравии собиқ, махсусан дар бесарусомонии солҳои навадум баробари хароб шудани биноҳо, лифти манзилҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ валангор шуданд ва аз кор боз монданд. Аммо дар чанд соли ахир камбуди обу барқ сокинони баъзе биноҳои баландошёнаро маҷбур сохт, то бо кӯшиши худ лифти манзилҳояшонро таъмиру тармим кунанд. Фаррух, як сокини ошёнаи 10 уми бинои 12 ошёна мегӯяд, лифти ин бино тамоман корношоям буд ва барои барқарор кардани он сокинонаш ҳудуди 3 ҳазор сомонӣ сарф кардаанд.

«Аз нав мотор харидем, ҳамагӣ маблағи ҷамъовардаамон 3000 сомонӣ буд ва лифтро ба кор даровардем. Боз ин зимистон, ки барқ зиёд хомӯш мешуд матори лифт сӯхт ва маҷбур шудем аз нав 50 сомонӣ ҷамъ оварда соз кунем лифтро.»

Дар баробари ин, бархе аз сокинон мегӯянд, барои таъмири лифт ва дигар хароҷоти он ҳар моҳ ба маблағи аз 2 то 3 сомонӣ ҷамъ меоваранд. Аммо Рашида Охунбоева, раҳбари бинои дигари серошёна гуфт, аз сабаби ин ки бештари сокинони чунин биноҳо мардуми камбизоатанд, маблағи лифтро ба сахтӣ месупоранд.

«Аксари одамон кор намекунанд. Ана ин занак пули лифтро ҷамъ меоварад, қариб ҳама ҳақораташ мекунанд, аммо дигар илоҷ надоранд месупоранд. Барои лифтпулӣ ҳамеша ҷанҷолу қаҳр мекунанд сокинон.»

Дар ҳамин ҳол, сокинони баъзе аз чунин биноҳои лифтдор мегӯянд, бо вуҷуди ин кӯшишҳо ҳанӯз хизматрасонии лифтҳо чандон қобили қабул нест.

Дар навбати худ, масъулин мегуянд, барои дар сатҳи оли дуруст ё азнавсозии лифтҳо тақрибан 8000 ҳазор сомонӣ зарур аст.
XS
SM
MD
LG