Пайвандҳои дастрасӣ

Феликс Қулов ба сафи мухолифин мепайвандад


Нахуствазири пешини Қирғизистон Феликс Қулов мақомоти расмии кишварашро ба фасодкорӣ муттаҳам ва эълом кард, ки ба сафи нерӯҳои мухолифини давлат мепайвандад.


Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек Феликс Қулов гуфт, бархе аз мақомоти расмӣ назар ба кори давлат бештар ба аз худ кардани моликият ва таъсиси ҷиноҳҳои минтақавӣ тавваҷӯҳ доранд.


Феликс Қулов моҳи декабри соли гузашта дар миёни тазоҳурот дар робита ба ислоҳи қонуни Асосии Қирғизистон аз мақомаш истеъфо дода буд.
XS
SM
MD
LG