Пайвандҳои дастрасӣ

"Надонистасухан"


Иштибоҳҳои лафзии сиёсатмадоронро бо вожаи фаронсавии "гафф" ифода мекунанд. Аҷиб ки "гафф" ба "гап"-и тоҷикӣ ҳамсадост, шояд ҳамон "гафф" будааст, ки талаффузи туркияш дар шакли "гап" боқӣ мондааст. Ва зимнан байни "гап" ва "сухан" фарқи зиёд аст. Масалан, вақте ки ду нафар чақ-чақ мекунанд, мегӯянд, онҳо гап мезананд, аммо вақте касе бо чеҳраи бовиқор аз минбари баланд гап мезанад, мегӯянд, "сухан мекунад."
Вале баъзан баъзе болонишинони ба гуфти Ҳофиз каҷкулоҳ аз минбарҳои баланд ҳам на сухан мегӯянд, балки гафф мезананд, яъне ҳамчун истилоҳ хатои иҷтимоӣ ё дипломатӣ, ки ағлаб сабаби шармсории гӯяндааш мегардад.

"Гафф" иштибоҳи ошкор ё рӯшоди иҷтимоиву дипломатист, ки гаҳгоҳе аз забони сиёсатмадорон, ҳатто раҳбарони давлат садо медиҳад. Чунончи, президенти Русия, ки ҳоло бештар маърӯзаи ӯро дар ҳамоиши Мюнхен баррасӣ мекунанд, ҳангоми сафари сарвазири Исроил Йеҳуд Олмурт бо ишора ба парвандаҳои фишори ҷинсӣ ба занон аз тарафи президенти Исроил Моше Катсав гуфт, мо, мардони рус ба Катсав ҳасад мебарем. Путин фикр кард, садобарҳо хомӯшанд, вале онҳо рӯшан буданд ва ҳамаи журналистон ин гаффи ӯро шуниданд.

Собиқ сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ, ки дар оғози сарвазирияш гапҳое дар бораи дини ислом гуфта, баъд узрхоҳӣ карда буд ва пештар аз он вакили олмонии порлумони Аврупоро ба офаридани нақши нозири конслагер дар филми нав даъват карда буд, ахиран боз гапҳое ба ҳаво сар дод.

Вай вакили порлумони Итолиё ва ҳамҳизбии худ Мара Карфаняро, ки ҷавонзани зебоест, гуфт, "эй кош, ҳаққи шаби аввал эҳё мешуд, эй кош ман зан надоштам ва дафъатан бо ту издивоҷ мекардаму ба як ҷазираи беодам мерафтем."

Пас аз номаи хамшолуди зани Берлусконӣ дар матбуот, ки навишт, оё ин ба он маъност, ки ман нимаи як ҷои холиям, сарвазири собиқи Итолиё маҷбур шуд, аз тариқи матбуот аз ҳамсараш урзхоҳӣ кунад.

Таҳлилгари фаронсавӣ Жан-Пйер Дарнис мегӯяд, баъзан гафф ё суханони иштибоҳӣ метавонанд, сабаби шикасти карйераи сиёсатмадорон гарданд: "Баъзан ин метавонад, поёни карйера шавад. Мумкин ин як хато не, балки рафторест, ки ба қолабҳои қобили интизор мувофиқат намекунад. Яъне воқеъан он метавонад, таъсири бузург дошта бошад."

Эҳтимолан ин суханони таҳлилгари фаронсавӣ ба гуфтаҳои ахири Сеголин Роял, номзади Ҳизби сотсиалисти Фаронса ба мақоми президенти ин кишвар дахл дошта бошанд, ки на танҳо дар худи Фаронса, балки дар Канада аксисадоҳои баланде дошт. Вай гуфт, тарафдори истиқлолияти Квебек, минтақаи фаронсавизабони Канада аст. Сарвазири Канада Стефан Ҳарпер ин суханони Роялро "амиқан ғайриқобили қабул" номид.
Иштибоҳи дигари Роял замоне садо дод, ки гуфт, низоми адлияи Чин беҳтарин аст.

Фазое ки Роял дар Фаронса ба вуҷуд овардааст, шояд ба президенти ин кишвар Жак Ширак ҳам таъсир кард, ки ҳафтае пеш гуфт, "аслан чандон бад ҳам нест, агар Эрон як ё ду силоҳи ҳастаӣ ҳам дошта бошад." Сиёсатшинос Жан-Пйер Дарнис мегӯяд, аксаран на худи раҳбарон, балки мушовирони онҳо айбдоранд, ки чунин хатоҳо садо медиҳанд: "Аксаран, ба фикрам, симои сиёсатмадорон ва дастури кори онҳо аз тарафи мушовиронашон ба вуҷуд меояд. Ин мушовирон мегӯянд, шумо бояд А, Б,В ва Д-ро бигӯед. Ва онҳо ин нукотро дар ёд мегиранд. Мушовирон мегӯянд, мутлақан, ба ҳеч ваҷҳ Г-ро нагӯед, танҳо А,Б,В ва Д. Аммо дар амал, зери фишор, сиёсатмадорон ҳамон Г-ро, ки дар ёдашон мондаасту мамнӯъст ба забон меоранд."

Вале бархе аз коршиносони дигар бар инанд, ки дар намунаи Ҷорҷ Даблю Буш, баракс вақте ки ӯ бадоҳатан ва аз худ чизе гуфтанӣ мешавад, ба иштибоҳ роҳ медиҳад.

Сенатори Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байдн ахиран ду бор пайиҳам чизҳое гуфт, ки матбуот онҳоро дафъатан ба сарнайзаи қалам гирифт. Дар ҳоле ки вай мехост, таваҷҷӯҳи интихобкунандагони ҳиндтабори Амрикоро ба худ кашад ва таъкид кунад, ки аксари онҳо ҳирфаҳои камдаромад доранд, суханаш баракс баромад:

"Дар иёлати Делавар, бахши афзояндаи аҳолиро ҳиндтаборон ташкил мекунанд. Шумо ба дӯконҳои Данкин Донатз ё Ҳафту ёздаҳ даромада наметавонед, агар ба аксенти ҳиндӣ гап зада натавонед."

Бори дигар, Байдн номзади сиёҳпӯсти демократҳо Барак Обамаро "аввалин масири асили Афроамрикоӣ" номид, ки "шумурдасухан, дурахшон ва тоза аст."

Вазири беҳдошти Ҷопон Ҳакуо Янагисава дар як маърӯзааш, сар аз коғаз бардошта занонро "мошинҳои таваллудкунак" номид. Ҳарчанд дафъатан узр хост, коршиносон гуфтанд, ӯ худ надониста ақидаи амиқи хешро баён дошт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ вақте шадидтарин ва тобонтарин суханонро мегӯяд, ки сар аз коғаз бармедорад ва озод ҳарф мезанад. Вай мулоқот бо журналистони кишвари худро дӯст намедорад, ҳарчанд дар хориҷи мамлакат бо хабарнигорон ҳамсӯҳбат мешавад. Матбуоти Русия боре ба ӯ эрод гирифта буд, ки пас аз раҳоии панҷ марзбони рус тавре сӯҳбат кардааст, ки гӯё президенти Русия бошад.

Гапҳои президенти Беларус Александр Лукашенко, агар касе монанди суханони Буш гирдоварӣ мекард, шояд чанд ҷилд мешуд. Вай дар бораи яке аз нависандагони машҳури белорус Франтишек Скарина гуфт: "Скарина фақат белорус набуд. Вай дар Санкт Петербург ҳам зиста ва эҷод кардааст. Ин Скаринаи мост. Русҳо аз ӯ бо ифтихор сӯҳбат мекунанд."

Гап дар ин ки нависанда Скарина дар садаи поздаҳ ба сар бурдааст ва Санкт Петербург дар садаи ҳаждаҳ сохта шуд.
Надонистани забон низ гоҳе сабаби иштибоҳҳо мешавад. Бисёриҳо дар Тоҷикистон суханони президенти собиқ Қаҳҳор Маҳкамовро дар ёд доранд, ки ҳангоми ба овоз мондани қароре гуфта буд: "Ким тарафдор?" Баъдан дар матбуот ҳазле нашр шуд, ки президент Ким ном як корманди кореягиро дар назар дошт. Ё вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон (акнун академики бознишаста) Талбак Назаров дар бораи як ҳодисаи куштор гуфта буд, "мо қотилонро дастгирӣ мекунем."

Баъзан гафф ё хатоҳои дипломатию иҷтимоӣ бесадоянд. Чунончи президенти Бонки Ҷаҳонӣ Пол Волфовитс дар сафари Туркия ҳангоми вуруд ба масҷид пойафзолашро кашид ва садҳо аккос акси ҷуробҳои даридаи ӯро гирифтанд. Аз ду сӯрох ду ангушти калони пойҳои Волфовитс намудор буданд.
Дар посух, як фабрикаи ҷуроббофии Туркия дафъатан гуфт, ба Волфовитс як бандча ҷӯроби нав мефиристад.

(Ҷеффрӣ Донован ба навиштани ин мақола кӯмак кардааст.)

НОМАИ ХОНАНДА

Ҳамнафаси азиз! Аз суханронии сиёсатмадорони ҷаҳон хеле бамаврид эрод гирифтед. Ман танҳо оид ба суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми таркондани баландиҳо дар маросими кушодашавии сохтмони гэси Сангтӯда мехоҳам хотиррасон кунам, ки ҷаноби президент гуфта буд; "Ман намехоҳам, ки дар оянда сари фарзандони мо дар назди дигарон "каҷ" шавад! эҳ, бубахшед хам шавад!" Инро ҳам метавон "надонистасухан" гуфт. Чунин мисолҳо дар мавриди дигар сиёсатмадорони мо низ зиёданд.

Бо эҳтиром
Азиза аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG