Пайвандҳои дастрасӣ

Русия сиёсати муҳоҷиратро бознигарӣ мекунад


мс

Намояндаи расмии Хадамоти федероли муҳоҷиратии Русия Денис Солдатенко хабар дод, ки ба зудӣ қонуни нави муҳоҷират ба Русия дигаргун хоҳад шуд. Тибқи ин тағйир муҳоҷирони кории кишварҳои муштаракулманофеъ тайи соли 2007 бидуни берун рафтан аз Русия метавонанд мақоми ҳуқуқӣ дарёфт намоянд. Вай гуфт, ин масъала аслан ҳал шудааст ва ҳафтаи оянда баъди ҳамоҳангӣ бо дигар ниҳодҳои давлат ҷузъиёт ва шеваи иҷрои он эълом хоҳанд шуд.


Муҳоҷирони кории тоҷик аз ибтикори нави мақомоти Русия истиқбол карданд, ба далели ин ки онҳо ҳам чун тамоми муҳоҷирони дигар маҷбур буданд, ҳар се моҳ аз Русия берун бираванд ва барои сабти иқомат бо харҷи гарон варақаи муҳоҷират дарёфт намоянд. Барои ин онҳо аксаран ба Украин сафар мекарда, вале бо афзоиши ришватхорӣ дар ин масир, акнун бештар бо сафари кӯтоҳ ба Туркия рафтуо мекунанд.

Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия дар робита ба тасмими нави мегӯяд, ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба буҷаи давлат зарар расонда, Русияро аз нирӯи кор маҳрум кард ва ҳамчунин норзишии давлатҳои ҳамкори Русияро барангехт.
Муҳаммадраҳими Сайдар, шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG