Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби Қонуни Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо 53 раъйи мувофиқ ва ду раъйи мухолиф қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро қабул кард. Масъулини Маҷлиси намояндагон таҳия ва тасвиби ин қонунро як иқдоми ҷиддӣ ва устувори давлати Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомиаи шаҳрвандӣ ва рушди низоми мардумсолорӣ дар кишвар арзёбӣ карданд.

Нуралӣ Риоев-узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар масоили байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ҳангоми тавзеҳи бандҳои ин қонун гуфт дар доираи он муносибати давлат бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти ин иттиҳодияҳо дар қаламрави кишвар бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба танзим дароварда шудааст. Оқои Риоев таъкид кард, ки яке дигар аз тафовути ин қонун аз қавонини мушобеҳи як идда аз кишварҳои Ҷомеъаи кишварҳои муштаркулманофеъ аз ҷумла Русия ин аст, ки танҳо додгоҳ метавонад фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро мутаваққиф кунад. Ва ин қонун мудохилаи мақомоти давлатӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро маҳуд кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт новобаста аз он, ки қонуни қабулшуда дар муқоиса бо тарҳи пешниҳодкардаи субъекти қонунгузор яъне ҳукумати кишвар ба маротиб тағйир дода шуд вале боз ҳам дар баъзе маворид мудохилаи мақомот ба фаъолияти ин иттиҳодияҳо боқӣ мондааст.

Қонуни мазкур ҳамчунин дар бораи сарчашма ва манобеъи молии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ як боби хосро ихтисос дода, ширкати атбоъи хориҷӣ ва кӯмакҳои берунаро дар амалкарди ин созмонҳо муайян кардааст. Ҳарчанд як нафар аз вакилони Маҷлис пешниҳод кард, ки дарёфти кӯмаки хориҷӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятиро қонун манъ кунад аммо аз сӯи вакилон дастгирӣ наёфт.

Зимнан тарҳи қонуни мазкур мебоист дар соли гузашта ба тасвиб мерасид аммо бо дархости Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон қабули он то анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ ба таъвиқ гузошта шуда буд. Қонуни мазкур ширкати созмонҳои байналмилалӣ ва ё афроди хориҷиро ба ҳайси муассиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ накардааст. Вале созмонҳои байналмилалӣ баъди сабти ном дар вазорати корҳои хориҷа ва атбоъи хориҷӣ дар сурати дарёфти гувоҳиномаи ҷойи зист ва мушаххас кардани манзил метавонанд ин ҳақро ба даст оранд.

Дар ҳамин ҳол Абдуалӣ Тоҳиров - мушовири раҳбари САҲУ дар Тоҷикистон пазируфта шудани қонуни мазкурро бо пешниҳодоти ин созмон як иқдоми мусбат арзёбӣ кард. Аммо Раъно Охунова - раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба «Зан ва интихобот» мегӯяд ба меъёри ҳуқуқи табдил додани тақозои ҳатмии масрафот ва хароҷоти ин созмонҳо аз сӯи идораи молиёт як навъи фишор ва мониа дар роҳи густариши ниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ хоҳад буд.

Бар асоси омори мавҷуда ҳоло дар Тоҷикистон севунимҳазор созмонҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд,ки гуфта мешавад ҳадди ақал даҳҳазор нафарро бо кори доимӣ фаро гирифтаанд. Гуфта мешавад қисмати аъзами кормандони ин ниҳодҳо аз ашхоси соҳиби таҳсилоти олӣ ташкил шудааст.

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон иллати таҳия ва қабули қонуни нави иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон тағйиротҳо дар кишварҳои ҳамсоя аз ҷумлаи вуқӯи инқилобҳои рангин дар Украина, Гурҷистон ва Қирғизистон аст,ки дар ташкил ва баргузории онҳо мақомот созмонҳои ғайридавлатиро саҳим медонанд.

Ба ин тартиб бар асоси қонуни нави иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳама созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон муввазафанд,ки то якуми сентябри соли равон дубора дар вазорати адлия сабти ном шаванд.Дар сурати ғайр фаъолият ва амали онҳо ғайриқонунӣ арзёбӣ мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG