Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро мо "Ҷаноби Олӣ" мегӯем?


Имрӯз дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон чунин ба назар мерасад, ки аҳзоби сиёсии кишвар ба ҷуз аз ҲХДТ, ки ҳизби ҳукмрон аст, ҳузури муассир надоранд. Ва ҳизби халқӣ-демократӣ ҳам асосан бо истифода аз тавъамии фаъолияташ бо ҳукумат ба ин мақом даст ёфтааст. Ба назари шумо, иллати камрангии ҳузур ва нақши аҳзоб дар ҷомиа дар чист?

Бояд як чизро гуфт, ки Тоҷикистон баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дубора ба системаи бисёрҳизбӣ рӯ овардааст. Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аҳзоби сиёсӣ низ ба гурӯҳҳои мусаллаҳ табдил ёфта буданд. Ва бо фарорасии сулҳу оромиш дар кишвар низоми бисёрҳизбӣ дар авохири солҳои навадуми асри гузашта ба ҳаёти ҷомиа ворид шуд. Вале бо ин вуҷуд, ки ҳоло расман ҳашт ҳизби сиёсӣ амал мекунад аммо дар ин арса мушкилоти зиёд мавҷуд аст. Зеро амалан аз ин ҳашт ҳизб мо танҳо фаъолияти нисбатан беҳтари ду ҳизби нисбатан нерумандро мебинем- яъне инҳо ҲХДТ, ки ҳизби ҳоким аст ва ҲНИТ, ки дар ҷомиа мавқеъ доранд. Интихоботи ахири президентӣ дар кишвар нишон дод, ки дигар ҳизбҳо потенсиали худро истифода карданд аммо ин потинсиали онҳо кофӣ набуд. Барои ҳамин ҳоло онҳо дар интихоботҳои миёндавраӣ ширкат накарданд.

Аз сӯи дигар, ҲХДТ ин ҳизби ҳоким аст, ки гуфта мешавад, бо истифода аз имконият ва захираҳои ҳукумат ҳадафҳои худро пайгирӣ мекунад. Ва ба назари коршиносон ҳамоно ин ҳизб шева ва усули идории коммунистҳоро такрор мекунад. Яъне шароити ба саҳнаоии рақибонро мисле, ки таҳаммул надорад. Шумо чӣ назар доред, ин навъи бархӯрд ба ҳизбҳои сиёсӣ чӣ пайомад дошта метавонад?

Назари ман ин аст, ки ин камбудист ва ин ду ҷанбаъ дорад. Якум, он ки аксарият аъзои ҲХДТ-ро собиқ коммунистон ташкил медиҳанд ва бидуни шак онҳо зоҳиран аз ин ҳизб рафта бошанд ҳам амалан система ва тактикаи Ҳизби коммунистро истифода мекунанд. Яъне мехоҳанд яккатоз бимонанд. Дуюм, камбудӣ дар худи аҳзоби дигар аст, ки натавонистаанд ба ҳайси рақиби комилҳуқуқ, иқтидор ва потенсиали худро мавриди истифода қарор диҳанд. Мо фикр мекардем, ки аз аҳзоби дигари сиёсӣ танҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон метавонист дар ин интихоботи миёндавраӣ ширкат варзад, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо ба гумони мо, ҲНИТ худро барои интихобти ояндаи порлумонӣ омода карда истодааст, зеро ҳарчанд дар интихоботи миёндавраӣ иштирок мекунад, он қадар фаъолият ё талоши чашмгире ҳам накарда истодааст. Аммо дигар ҳизбҳо , мисли ҳизби кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ аслан бо ҳизби ҳоким ҳаммаслак ҳастанд. Аммо ҳизби мухолиф, масалан ҲСДТ метавонист иштирок кунад, шояд маҳдудиятҳое ҳам дар сатҳи ташкилӣ ва ҳам аз лиҳози молиявӣ ин имкониятро барои онҳо надодааст.
Чуноне болотар ҳам гуфтем, бештари аъзои ҲХДТ аз коммунистони пешин иборатанд. Ва инҳо дар умури идорӣ ва муносибат бо ҳарифи сиёсӣ низ таҷриба доранд. Махсусан истифода аз захоири ҳукумат ва имконоти маъмурӣ фаровон ва бемайлон истифода мекунанд. Ва албатта роҳбарони аҳзоби дигар низ аз ин огоҳанд. Аз ин рӯ дар ин интихоботи миёндавраи ширкати фаъол аз худ нишон надоданд.

Як нуктаи дигар сарнавишти Ҳизби сотсиалист ва такрори ин қисмат ба сари ҲДТ аст, ки оқибат дудаста ва аз ҳам пошида шудаанд. Ва гуфта мешавад, сабаби аслии ба чунин сарнавишт мувоҷеҳ шудани ин ҳизбҳо ҳам дар он аст, ки онҳо аз мавқеи ҲНИТ ва ҲСДТ- ҳизбҳои мухолифи давлат ҷонибдорӣ кардаанд. Ва чунин мавқеъгириҳои онҳоро ба таъбири коршиносон дар доираҳое қабул накарданд. Ва чун диданд, ки мешавад ин дуро шикаст, аз саҳна бурун ронд, пас даст ба иҷрои ин кор заданд. Аммо оё чунин муносибат бо ташакулҳои сиёсӣ, ки қисме аз аҳли ҷамъиятро гирди ҳам овардааст, чи таъсире дошта метавонад?

Дар ҳамин раванд, имкони рӯйи кор омадани қаноти саввуми демократҳо бо роҳбарии С.Исмонов вуҷуд низ дошт, ки хайрият вазорати адлия напазируфт. Ва агар ба суханони М.Собиров - раиси як ҷиноҳи ин ҳизб, ки аз сӯи вазорати адлия эътироф шудааст дар бораи муттаҳид шудан бо ҷиноҳи М.Искандаров дуруст бошад, гумон мекунам рӯзҳо ё моҳҳои наздик бар эҳёи дубораи ин ҳизб шоҳид хоҳем шуд. Аммо як чиз мусаллам аст, ки ин ҳизб низ мувоҷеҳ ба мушкилоти ташкилӣ ва молист. Дуруст аст, ки ҳоло ду ҳизби мухолифи нисбатан неруманд ҲНИТ ва ҲСДТ дар баробари ҲХДТ фаъолият мекунанд. ҲСДТ низ мушкилоти худро дорад, лекин ин ҳизб муттаҳид аст. Роҳбарияти ин ҳизб муттаҳидии худро нишон дод ва рақибонаш натавонистанд онро вайрон ё аз дохил пароканда кунанд. Ба ёд орем, ки ду нафар аз баландмақомони ин ҳизб- Мӯътабари Раштӣ ва Оразшо Пояндашоев , ки дар рӯихати ҳизбӣ барои дарёфти ваколати Маҷлиси намояндагон зикр ёфта буданд, сафи ин ҳизбро тарк карданд. Албатта ин талошҳое барои рахна заданд дар сафи ин ҳизб буд. Фикр накунам, ки ин ҳизб низ аз ҳам пошида шавад. Вале фаромӯш набояд кард, ки сиёсат сиёсат аст, мубориза аст, чизе наметавонад дар ин арса қоим ва тағйирнопазир бошад. Шояд ин гуна озмоиш боз ҳам такрор шавад.

Ба унвони як таҳлилгаре, ки ҳамвора аз пайи таҳқиқи масоили сиёсии ҷомиа ҳастед, назари шумо ба ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон ва интиқодоти шадиди раиси ҷумҳур аз фаъолияти бархе аз аъзои ҳукумат, ки намоиши он аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пешкаш шуд, чӣ аст?

Як чизро бояд қайд кунам, ки ман ҷонибдори андешаҳои иброзкардаи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо ҳастам, ки он кас дуруст қайд кардаанд, ки дар ҳайати нави ҳукумат асосан ҳамсафони пешин нигоҳ дошта шуданд. Ҳарчанд ки ҷомиа интизороти онро дошт, ки афроди нав ва ҷавон рӯи кор хоҳанд омад. Аммо он чи ки дар телевизион нишон дода шуд ин як раванд ҳаст, ки гӯё дар ин ҷумҳурӣ фақат сардори давлат аст, ки фаъолият мекунад ва дигарон вуҷуд надоранд, фаъолият намекунанд. Ин хеле нодуруст аст. Зеро мо бояд ҳам потенсиали Ҷаноби Олӣ, ҳам потенсиали институтҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ва ҳам потенсиали дигаронро нишон диҳем. Лекин пай дар пай нишон додан як навору як саҳна ин корест, ки дар Рими қадим маъмул буд:- яъне ба мардум нон даркору тамошо - ин токтикҳо марҳалаашонро тай кардаанд. Аммо дар Тоҷикистон то кунун идома дорад,к и ман ин чизро дастгирӣ намекунам. Ин гувоҳи он аст, ки дар кишвари мо институтҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ амал намекунанд. Ҳар чиз бояд ҳудуд дошта бошад. Мо наметавонем ҳатто агар ин як кори дуруст ҳам бошад , ҳафтаи дароз фақат онро тамошо кунем. Аммо дар ҷомиаҳои пешрафта вақте вазир ё як масъули дигар ошкоро мегӯяд, ки ман сад фоиз гунаҳкорам ӯ бояд аризаи истеъфояшро бинависад. Вақте мансабдор медонад, ки дар пешрафти фалон кор ё барнома ӯ чил ё панҷоҳ дар сад гунаҳкор аст ӯ бояд инро ҳамчун заволи мансаби худ қабул кунад. Вале мутаассифона ин мушкилоти на танҳо ҳукумат, балки мушкилоти ҷомиаи мо ҳам мебошад.

Дар ҷомиаҳои демократӣ, ки раиси давлат барои як давра ё ду давра аз тариқи интихоботи мардумӣ баргузида мешавад ҳамин гуна таъбирҳое мисли Ҷаноби Олӣ вуҷуд дорад? Ва оё истифода ҳамин таъбир ба раиси мунтахаб ҷойиз аст?

Бояд эътироф кард, ки мо табиатан дар руҳияи афсонаҳои шоҳпарастӣ ба воя расидаем ва мерасем. Дар ҳафтод дар сади афсонаҳои мо симои шоҳи одил ва саховатманд тасвир ва тарғиб шудааст. Баъдан раиси ҷумҳуриро тақрибан се миллион овоздиҳанда интихоб кардааст. Ва ин як навъ эҳтироми хоссаи мардум ба роҳбар буда метавонад. Аз сӯи дигар ҳоло раиси ҷумҳур симои миллат дар хориҷи кишвар аст.

Боз ҳам баргардем ба фаъолияти аъзои ҳукумат ё як нафар аз масъули муассисаи вобаста ба давлат, ки ба пиндори коршиносон онҳо на дар пайи иҷрои барнома ё таҳияи тарҳи мушаххасе ҳастанд , балки онҳо ҳарчи талошро барои ҳосил кардани ризоияти раиси давлат ба харҷ медиҳанд. Ва аз ин рӯ онҳо бештар Ҷаноби Олӣ мегӯянд.

Бале боз ҳам ҳамон фарҳангу табиати шоҳи афсонавӣ парастии мост, ки ҳоло то андозае хислатҳои авторитарӣ низ касб мекунад. Ин падида паҳлуи мусбат ва манфӣ дорад. Вақте барои мисол мубориза алайҳи СПИД-ро ба ҷаноби раиси ҷумҳур иртибот медиҳанд , чун он кас ба ҳама соҳаҳо мутахасис нестан, ин хеле хато аст. Яъне мо набояд эҳтироми раҳбарро ба дараҷаи мутлақ ва ифрот бирасонем.

Ҳоло барои мубориза бо фасод ва фасодкорӣ дар кишвар як Оҷонсии нав ба фаъолият оғоз кард. Оё бовар бар фаъолияти муассири ин оҷонсӣ доред ё хайр?

Ман роҳбари ин идораро хуб мешиносам , ки воқиан як мутахассиси варзида ва арзанда ҳам ҳастанд. Лекин ба фаъолияти ин оҷонсӣ ман баҳои баланд дода наметавонам.Чунки дар мо фасод хеле ва хеле реша гирифтааст. Лекин ин масъала як ҷанбаи сиёсӣ дорад. Фасод яъне коррупсия дар Тоҷикистон бо маҳалгироӣ алоқаи зич дорад. Яъне ман эътимод надорам, ки ин оҷонсӣ барои мисол як вазир ё гурӯҳи бузурги фасодкоронро боздошт мекунад. Он гоҳ мардум аз ин вазир ё аз ин гурӯҳ халос мешуд. Азбас фасод бо маҳалгароӣ зич алоқаманд аст, вақте муборизаи шадид алайҳи он оғоз мешавад, бояд алайҳи маҳалгароӣ ҳам эълон шавад. Аммо ман гумон мекунам, ки дар марҳалаи ҳозираи Тоҷикистон ин чиз ғайриимкон аст. Зеро мо новобаста аз замони пушти саркардаи коммунистӣ ва муддати баъди он ҳам ҳамоно бо усулу тарзи як ҷомиаи анъанавӣ пойбанд мондаем, ки дар он нақш ва мавқеи авлод муҳим дониста мешавад. Албатта ҳоло як авлод набошад ҳам аммо бо иттиҳоди ду -се авлод дар нуқтаҳои калидии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Барои ҳамин ман гумон намекунам, ки як ё ду нафари онҳоро ба фасод айбдор карда ба ҷавобгарӣ бикашанд. Онҳо ба ин омода нестанд.

Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки дар Тоҷикистон онҳое сармоягузорӣ мекунанд, ки аҳдофи сиёсӣ доранд. Зеро ба гуфтаи ин коршиносон иқлим ва муҳити кишвар махсусан фасодзадагӣ шароитро барои сармоягузорӣ маҳдуд кардааст. Ва онҳое ҳам ,ки сармоягузорӣ мекунанд бо ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегии худ ин корро анҷом медиҳанд?

Дуруст аст, ки ҷомиаи мо фасодзада аст. Аммо ман мехоҳам ба ин масъала аз дигар дидгоҳ таваҷҷӯҳ кунем. Дар Тоҷикистон табиат ва шароити табиӣ барои ҷалби сармоя мувофиқтар аст назар ба муҳит ва фазои ҷомиаи кишвар Бо доштани захоири бузурги гидроэнергетикӣ ва канданиҳои фоиданок воқиан бартарӣ ба тарафи омили табиист. Тарафи дигари масъала мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аст, ки дар чорроҳаи кишварҳои бузурге назири Чину Эрону Русия қарор гирифтааст. Барои мисол Чин баъди ҳаводиси маълуми Ӯзбакистон ва таҳаввулоти Қирғизистон ба ироаи кӯмакҳои бештар ба Тоҷикистон оғоз кард. Зеро раҳбарияти Чин таҳлил кард ва дид, ки агар ин корро накунад ҳузури Амрико ва кишварҳои Урупо дар ин ҷо бештар мешавад ва мавқеи геополитики Чин аз даст меравад. Барои ҳамин онҳо ҳаҷми ёриҳои худро бамаротиб афзоиш доданд.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки такя кардан ба маболиғи муҳоҷирони меҳнатӣ барои ояндаи кишвар хатарнок аст. Зеро дар ҳоле, ки кишвар ва иқтисоди он бо ин маболиғ хӯ кард кишвари кордеҳ аз ин омил ба сифати фишанги фишор истифода мекунад?

Воқиан ин андеша дуруст аст. Ҳоло Русия барои Тоҷикистон омили мустақими фишорро дар даст надорад. Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мисли солҳои пешин наметавонад фишор ворид кунад. Ва танҳо фишор муҳоҷирати меҳнатӣ хоҳад буд, ки дар сурати корбурди он ногузир дар кишвар таркиши иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин замина таҷрибаи муносибат бо Гурҷистон нишон дод, ки Русия метавонад давоми як моҳ ҳамаи муҳоҷирони моро берун кунад. Ва азбаски мо амалан ба ин теъдоди аҳолӣ ҷойи кор муҳайё карда наметавонем бояд дигар роҳҳоро ,роҳои алтернативиро ҷустуҷӯ кунем. Мо бояд бо Қазоқистон, камтар бошад ҳам бо Украина ва ҳамин тавр бо кишварҳои арабӣ дар ин замина гуфтугӯҳоро анҷом диҳем. Зеро ҳама тухмро дар як сабад гузоштан хатарнок аст.
XS
SM
MD
LG