Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми раиси ҷумҳури нави Туркманистон эълон шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов субҳи имрӯз, (14 феврал) дар шаҳри Ишқобод ба ҳайси раиси ҷумҳури тозаинтихоби Туркманистон савганд ёд намуд.


Дар маросими савганд ёд намудани президенти нави Туркманистон меҳмонони баландпояи хориҷӣ, аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурони Қазоқистон, Укроин, Афғонистон ва Гурҷистон ва нахуствазири Русия дар маросими адои савганди раиси ҷумҳури Туркманистон ширкат карданд.


Кумиссиюни марказии интихоботи Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълон намуд. Бино бар натоиҷи Кумиссиюни марказии интихобот, ки субҳи имрӯз дар Халқ Маслаҳатӣ эълом шуд, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳудуди навад дар сади раъйи шаҳрвандони кишварашро ба даст овардааст.


Интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркманистон рӯзи 11 феврал баргузор шуда буд, аммо исми барандаи он бо таъхири якрӯза танҳо имрӯз дар ҷаласаи Халқ Маслаҳати эълон шуд. Барои курсии марҳум Сафармурод Ниёзов шаш нафар номзад буданд, аммо аз қабл коршиносон пирӯзии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурро тахмин мезаданд.


Раиси ҷумҳури нави Туркманистон панҷоҳ сол дорад ва аз рӯи ихтисос пизишки дандон мебошанд. Соли 1997 аз курсии раҳбари маркази дандонпизишкии Вазорати тандурустии Туркманистон ба маснади вазири тандурустии ин кишвар таъин мешавад. Ӯ то рӯзҳои охири марги Сафармурод Ниёзов дар баробари маснади вазири беҳдоштӣ, ҳамзамон, раҳбарии маркази байнулмилалии тиббии ба номи Сафармурод Ниёзов ва муовини раиси кобинаи вузарои кишварро бар дӯш дошт.


Рӯзи 21 декабр, як рӯзи баъд аз марги Сафармурод Ниёзов бар хилофи Қонуни Асосии Туркманистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури ин кишвар таъин гашта буд.
XS
SM
MD
LG