Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти нафари муттаҳам ба қатли чаҳор духтари ноболиғ


ка

Қамар Мирмамадов, сардори шӯъбаи корҳои ҷустуҷӯии раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи як амалиёт нафаре бо номи Ш. Э.боздошт шудааст, ки дар қатли чор духтари ноболиғ гумонбар дониста мешавад. Оқои Мирмамадов меафзояд: «Расмҳои дар дастдоштааш гувоҳи онанд, ки зану фарзандонаш дар Ӯзбекистон ба сар мебаранд. Аз хонаҳое, ки қотил ҷавондухтаронро ба қатл расондааст, боз баъзе молҳои талаботи рӯзгорро ба яғмо бурдааст. Дар назди қонун мувофиқи қонунҳои ҷазоии Тоҷикистон ҷавоб медиҳад».



Ба қавли Қамар Мирмамадов, нафари боздоштгардида шаҳрванди Ӯзбекистон буда, дар устони Қаршии ҷумҳурии Ӯзбекистон нахуст духтари модарандари худро ба қатл мерасонад ва ба бисту се соли зиндон маҳкум мешавад. Аммо пас аз се сол шартан ба озодӣ баромада бо истифода аз фурсат бо роҳи пинҳонӣ ба Душанбе меояд. Вай бидуни қайди расмӣ тайи 2 соли ахир дар пойтахти ҷумҳурӣ ба сар мебарад.




Дар ҳамин ҳол, Д. С., модари М.С.-и ҳаждаҳсола, ки тибқи тафтишоти пешакӣ рӯзи ҳаштуми феврал дар манзили худ ба қатл расидааст, мегӯяд, қотил бар иловаи куштори ваҳшиёна аз хонаи онҳо як ангуштари тилло ва маблағу DVD-ро бо худ бурдааст.




Тибқи иттилоъи Раёсати умури дохилаи Душанбе ҳоло парвандаи тафтишотии шахси боздоштшуда идома дорад. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти дохилаи Ӯзбекистон бо ирсоли як нома хостааст, то дар муайян кардани ҳуввияти нафари боздоштшуда мусоидат намоянд.
Каюмарси Ато, Душанбе
XS
SM
MD
LG