Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро филмҳои эронӣ тамошобин надоранд?


Сафар Ҳақдодов, раиси Кохи синамогарони тоҷик дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳафтаи намоиш усулан филмҳои мардумӣ, ё фолклорӣ пешкаши ҳаводорони синамо мегарданд: «Ин филмҳоро метавон филмҳои мардумӣ номид,ки роҷеъ ба зиндагиномаи мардуми одии эронӣ қисса мекунанд»



Дар ҳафтаи намоиши синамои ориёӣ филмҳои «Марди Офтобӣ»-и Ҳумоюни Асадӣ, «Паррандаи кӯчаки хушбахт»-и Пурони Рахшанда, «Тавлиди як парвона»- и Муҷтабои Роҳӣ, «Шӯхӣ»-и Ҳумоюни Асадиён, «Рӯъёи нимашаби тобистон»-и Дориюши Мударриён ва филми Аҳмадиризои Муъатмадӣ бо унвони «Девонае, ки аз қафас паррид» пешкаши тамошобини тоҷик мегарданд.



Филмҳои мазбур, ки роҷеъ ба зиндагиномаи ҷавонони рустоии эронӣ ҳикоят мекунанд, ройгон ба маърази тамошобини тоҷик гузошта мешаванд. Ва аммо дар мавриде, ки масьулини баргузории ин намоишномаҳо аз толорҳои лабрези Кохи синамогарон ҳарф мезананд, хабарнигори радиои Озодӣ дар рузи намоиши филми «Паррандаи кучаки хушбахт» танҳо ҳафт нафар тамошобинро дар ин толор баршумурд, ки аксарият қабл аз анҷоми филмнома толорро тарк карданд.





Як тан аз тамошобинон, ки то охири филм ҳузур дошт, дар бастагӣ ба мавзӯъ гуфт: «номи ман Мулло Тоҳиров, ростӣ, дар бораи ин намоишгоҳ гуфтаниам, ки сатҳи техникии филмҳо паст аст, мусиқӣ гоҳ баланди гушкаркунанда мешавад, гоҳ паст, ки намешунавӣ. Наворбардорон, ё ҳадди ақалл масъулин дар Тоҷикистон бояд ба ин ҷиҳати филмҳои эронӣ диққат диҳанд. Ман ҳам, ростӣ, дар баробари дигарон хостам толорро тарк кунам, вале то охири кино тоқат кардам»



Нафари дигар, дар суҳбати бе микрофон афзуд, намоиши филмҳои сустбунёди эронӣ, ки ҳамакнун дар ин чорабинӣ роҳандозӣ шудааст, теьдоди ҳаводорони синамои иронро дар кишвар боз ҳам кам хоҳад кард.
Сарпарастии намоишгоҳро ширкати синамои «Аҷам», Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва сафоратхонаи Эрон дар Душанбе ба ӯҳда доранд.
XS
SM
MD
LG