Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти афсари аршад ба гумони қочоқи маводди мухаддир


Дар пайи бозодошти як гурӯҳи гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом дошта, ки дар ин робита як тан афсари аршади Кумитаи амнияти миллии кишвар бо номи Тоҳирҷон Раҳматов боздошт шудааст.




Ин гурӯҳ тибқи иттилоъи ҳамин манбаъ ду рӯз қабл замоне, ки қасди интиқоли 144 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 53 килограмм ҳероинро аз Душанбе ба Суғд дошт, аз сӯи мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дастгир шудааст.




Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти боздошти гурӯҳи қочоқбар иттилоъе мунташир насохтааст, аммо афзудааст қарор аст таҳқиқоти дар ин замина оғоз ёфта ба ин масъала рушанӣ андозад.
Ба гумони даст доштан дар интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир рӯзи 11- феврали соли равон Изатулло Сафаров ва Ҷурабек Ғуломов ду нафар сокини вилояти Хатлон боздош шудаанд.




Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи расмӣ дар соли 2006 мақомоти зирабти Тоҷикистон дар қаламрави кишвар 4 тоннаву 790 килограмм маводи мухаддирро аз афрод ва гурӯҳҳои қочоқбар кашфу мусодира намудаанд, ки беш аз 2 тоннаи онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG