Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$: Нархҳои гуногун дар Душанбеву Истаравшану Қубодиён


Рӯзи 13 феврал дар бозори асъори пойтахт 100 доллари амрикоӣ ба миқдори 343 сомонӣ харидорӣ ва бар ивази 346 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ин дар ҳолест, ки таи чанд рӯзи ахир арзиши доллар ба оҳистагӣ боло мерафт ва ба 346 ва 348 сомонӣ расида буд.

Аммо дар ноҳияҳои дурдасти кишвар қиммати асъори хориҷӣ ба вижа арзиши доллар дар ин рӯзҳо нисбат ба пойтахт хеле фарқ мекунад. Барои мисол дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон нархи хариди 100 доллари амрикоӣ ба 335 ва баҳои фурӯшаш ба 337 сомонӣ расидааст.

Дар ҳамин ҳол, қурби евро ва рубли русӣ ҳам дар ин минтақа аз пойтахт фарқ мекунад. Як евро дар саррофиҳои ноҳияи Қубодиён ба 415 сомонӣ ва хариди 100 рубли русӣ 10 сомону 25 дирам баробар аст.

Аммо саррофони ин ноҳия иллати поин рафтани қурби долларро дар камхаридор шудани он медонанд. Ба гуфтаи онҳо, саррофони Душанбе рӯзҳои ахир ба доллари онҳо камтар ниёз пайдо кардаанд.

Дар бозорҳои асъори шаҳри Истаравшани вилояти Суғд қурби доллар ба фарқ аз Душанбе қимматтар фурӯхта мешуд. 100 доллари амрикоӣ дар саррофиҳои ин шаҳр ба маблағи 345 сомонӣ харид шуда бар ивази 346 сомонӣ ба фурӯш мерафт.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳама навоҳӣ ва минтақаҳои кишвар вобаста ба ҳаракати асъор ва рушди тиҷорат қурби он муайян мешавад. Ӯ мегӯяд, дар Истаравшан тоҷироне, ки ба хориҷа рафтуо доранд зиёданд ва талабот ҳам рӯз ба рӯз ба асъор меафзояд.

«Истаравшан бозори калони яклухт дорад ва мардуми ин шаҳр нисбат ба мардуми Хатлон ва дигар минтақаҳо бештар ба хориҷи кишвар барои бор мераванд ва аз ин рӯ дар Истаравшан тақозо барои доллар бештар аст.»

Ҳамчунин, иллати уфтухези қурби доллар ва дар як муддати кӯтоҳ пасту боло рафтани онро Ҳоҷимуҳаммад Умаров чунин тарҷеҳ дод.

«Эҳтимол баъд аз он, ки президент дар бораи баланд бардоштани қурби миллии сомонӣ гап заданд, Бонки миллии Тоҷикистон хеле саросема шуда, ба таври маъмурӣ қурби доларро паст кунонд, аммо ин зиёд давом накард, чун дар ин ҷо омилҳои объективӣ амал мекунанд ва он аз нав барқарор шуд.»

Оқои Умаров афзуд, роҳи ба таври устувор нигох доштани қурби сомонӣ нисбат ба арзи хориҷӣ дар поён бурдани нархномаи маҳсулот дар кишвар мебошад, ки инро бояд Бонки миллӣ ва Вазорати иқтисоду савдо муайян кунанд.

Ва аммо нархномаи Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии 100 долларро қариб 343 сомонӣ нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG