Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи гарм кардани синфхонаҳои сард бидуни нерӯи барқ


«Тассавур кунед дар фасли сармо дар синфхонаҳо мо чӣ қадар гармиро аз даст медиҳем, ҳарчанд кӯшиш мекунем, ба воситаи нерӯи барқ синфхонаро гарм нигоҳ дорем. Аммо бо ин кор мо маблағро беҳуда сарф мекунем ва ба муҳити зист зарар мерасонем, зеро тавассути шишаи тирезаҳо боз ба дохили сохтмон боди сард ворид мешавад. Ба вижа, дар рӯзҳои сарду шамолӣ дар чунин муҳити синфхонаҳо бо либосҳои ғафс нишастан барои хонандагон хеле ноқулай аст. Аммо ин мушкилро метавон бидуни истифодаи нерӯи энержӣ рафъ кард, яъне тавассути насби резинаҳои махсуси селеконӣ ба чаҳорчӯби тирезаҳо, ки пеши роҳи шамолро мегирад ва ҳавои хонаро гарму безарар нигоҳ медорад».

Ин садои як омӯзгор аст, ки дар мактаби 55-уми шаҳри Душанбе ба хонандаҳо ва устодон роҳи ҳифзи гармиро дар мавсими сармо шарҳ медиҳад.

Барномаи мактабии истифодаи сарфакоронаи захираҳои энержӣ, мавсум ба ШПИАР, ки имрӯз дар 14 кишвари Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст, ҳамакнун дар макотиби миёнаи Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард. Ин барномаро созмони муҳитзистии «Барои замин» ва мутахассисони иқлимшиноси Норвегияву Украина нахуст аз ҳамин мактаби 55-уми пойтахт шурӯъ карданд. Темур Идрисов, раиси созмони муҳитзистии «Барои замин» мегӯяд , барои мактабиёну устодони тоҷик чунин дарсҳои омӯзишӣ хеле заруранд.

«Зеро мактабҳои мо хеле бад сохта шудаанд ва дар онҳо ягон маҳсулоте, ки тавонад гармиро нигоҳ дорад мавҷуд нест, бинобар ин синфхонаҳо дар зимистон хеле сард мешаванд. Ман дар бораи шишаҳои тирезаҳо умуман ҳарф намезанам, зеро аксаран гирду атрофи онҳо сӯроханд ва ё агар нав ҳам бошанд, нодуруст монда шудаанду сардиро ба синфхона ворид месозанд. Аз ин рӯ, аксаран дар деҳот мактабҳоро бо чӯби дарахт гарм мекунанд, ва дар шаҳрҳо бошад хеле зиёд нерӯи барқ истифода мешавад. Яъне ба хотири гарм нигоҳ доштани бинои истиқоматӣ ё корӣ муҳити зистро вайрон мекунанд. Бинобар ин насли нав ва ҷавонони мо бояд бидонанд, ки баъзан барои ин маблағи зиёд сарф кардан ва коршинсони энержиро даъват кардан даркор нест ва бо роҳҳои имконпазир метавон масъаларо ҳал кард.»

Аммо Инга Лоренс, корманди созмони муҳитзистии норвегӣ ва масъули барномаи мактабии истифодаи сарфакоронаи захираҳои энержӣ мегӯяд, дар ҳоле, ки аксар кишварҳои ҷаҳон аз тағирёбии иқлим ва афзоиши мизони гармӣ дар 10 солаи наздик бонги хатар мезананд, сабаби аслии тағирёбии иқлимро дар фаъолияти инсон, ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва талаботи зиёди одамон ба нерӯи энержӣ мебинанд,:

«Мо боварӣ дорем, ки кор бо ҷавонону наврасон натиҷаи хуб хоҳад дод, кӯдакону ҷавонон ин мавзуъро хеле хуб дарк мекунанд. Онҳо вакте мефаҳманд, ки тавассути кадом коре ба дигарон зарар мерасонанд, дигар ба он роҳ намераванд. Аз таҷрибаи кори худ дар аксар мактабҳои дигар кишварҳо гуфта метавонам, ки омӯзиши ҳифзи муҳити зст ба наврасону ҷавонон натиҷаҳои хеле хуб медиҳад.»

Аммо Насиб, хонандае, ки дар ин барномаи омӯзишӣ ширкат дошт, мегӯяд, то ин дам ӯ умуман дарк намекард, ки истифодаи нерӯи барқ ба муҳит ва табиат таъсири ҷиддӣ мерасонад. Танҳо бо сарзаниши волидон, ки маблағи зиёд харҷ мешавад, баъзан сарфа мекардаасту халос.

Вале Ҷовиди Рӯзӣ хонандаи мактаби рақами 55 мегӯяд, баъди ин семинари омӯзишӣ ба хулосае омадааст, ки шишаҳои пластикӣ ва замонавии манзилашонро иваз кунад, зеро онҳо мегӯяд ӯ ҳавои хонаро хеле бад нигоҳ медоранд.

Зуҳурбек Бегматов, омӯзгори ҷуғрофия ва муҳитзистӣ мегӯяд, дар барномаи таълимии макотиби миёна ҳам то андозае баъзе паҳлӯҳои муҳити зист омӯзонида мешавад, аммо роҳҳои сарфаи энержӣ ва оид ба ҳифзи муҳити зист ба хонандагон васеъ иттилоъ дода намешавад.

«Таи чанд сол аст, ки чунин як фане оид ба экология дар барномаи таьлимӣ ҷой дода шудааст ва хонандагон аз ин фан таълиму тарбия мегиранд, аммо албатта аз ин усулҳову иттилоъҳои нав онҳо он қадар огоҳ набуданд.»

Муттахассисони соҳа бар инанд, ки ҷалби ҷавонон ба омӯзиши муҳити зист назар ба мақомот ва ҳукуматдорон натиҷаи беҳтар хоҳад дод. Ба ақидаи онҳо, масъулин ва мансабдорон ба ин мушкил чандон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки донишмандони ҳавошинос ҳушдор медиҳанд, дар сурате, ки ҷараёнҳои тағйироти ҳаво таҳти назорат дароварда нашаванд, гармишавии ҳаво дар даҳсолаҳои охир дар саросари ҷаҳон паёмадҳои хатарнок хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG