Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархҳо беш аз ҳама кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон боло рафтаанд


Тайи як соли ахир намоя ё индекси нархҳои истеҳсолоти маводи саноӣ дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба маротиб афзудааст. Бинобар гузориши Кумитаи омори ИДМ, ин рақам дар қиёс бо як соли пеш 22 дар сад боло рафта ва нишондиҳандаи аз ҳама баланд миёни кишварҳои узви Иттиҳод аст.


Бонки миллии Тоҷикистон болоравии намояи нархҳои истеҳсолкунандагони маводи саноиро қобили пазириш намедонад ва манфӣ арзёбӣ мекунад. Ин нишондиҳанда маънии онро дорад, ки дар як соли ахир дар Тоҷикистон нерӯи барқу газ, ангишт ва дигар анвои сӯзишворӣ ба ҳисоби миёна аз 20 фоиз боло рафт. Ҳамин гуна афзоиши назарраси қимати маводи саноӣ дар Қазоқистон - 18.4% ва Озарбойҷон - 17.7% низ ба мушоҳада расидааст. Ва аммо дар саросари кишварҳои узви Иттиҳод ба ҳисоби миёна, қимати маводи саноӣ 12 дар сад афзун шудааст.


Бо ин вуҷуд мақомот ва коршиносони тоҷикро нишондиҳандаи намояи нархҳои истеъмолӣ бештар нигарон кардааст. Қимати маҳсулоти истеъмолӣ 12-уним дар сад боло рафтааст. Бар пояи маълумоти Кумитаи омори Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон пас аз Малдова дар мақоми дуюм қарор мегирад.


Кумитаи омори ИДМ дар гузориши худ навиштааст, болоравии нарху наво ва сатҳи таваррум дар кишварҳои узв ба афзоиши қимати нафт ва ғалладона дар бозори ҷаҳонӣ марбут будааст. Ҳамзамон, омадааст дар ин гузориш, дар ҳоли нодорӣ ба сар бурдани бахши аъзами аҳолии мамолики узви Иттиҳод, коҳиши ҳаҷми содироти мол аз ин кишварҳо ва камии ҳақмузд барои рушди иқтисодии кишварҳо таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG