Пайвандҳои дастрасӣ

Конвенсияи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ


Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ хабар додааст, ки тарҳи конвенсия, муқоваланомаии мақоми ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар қаламрави кишварҳои узв баррасӣ гардид ва ба зудӣ тасдиқ хоҳад шуд.

Дар баррасии тарҳ коршиносони 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат карданд. Танҳо намояндагии Гурҷистон ширкат накардаааст. Ҳадафи аслии муқоваланома фароҳамсозии шароити баробари ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо бо шаҳрвандони кишвари пазиранда мебошад.

Ҳуҷҷат барои ҳаракати озоди нирӯи корӣ дар густураи кишварҳои Муштаракулманофеъ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, дар тарҳи санад омадаааст, шогирдони мактабҳо, донишҷӯён, рӯҳониён, ходимони ширкатҳои хориҷӣ, хабарнигорони расонаҳои гурӯҳии хориҷӣ аз ин чунин ҳуқуқ бархӯрдор нахоҳанд буд, зеро онҳо шаҳрванди кишвари якум ҳастанд, дар ватани дуввум ба манфиати давлати саввум кор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки муҳоҷироне, ки дар ширкатҳои хориҷӣ кор мекунад, молиёт медиҳанд, ба ватани худашон пул мефиристанд ва дар иқтисоду фарҳанги ҳарду кишвар саҳм мегузоранд.

Нуктаи зиддинақизи дигар дар санад ин аст, ки муҳоҷири корӣ аз ҳуқуқи табобат бархӯрдор хоҳад буд, вале фарзанди мактабхони вай не.

Дар тавзеҳ ба нуктаҳои ба ҳам зидди муқоваланома Муҳаммадалӣ Ҷалилов, масъули умури муҳоҷират дар сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, санадҳое, ки Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ қабул мекунад, бештар ҷанбаи тавсияӣ доранд ва аслан иҷро намешаванд.

Дар гузориши дафтари матбуоти кумитаи иҷроияи Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ омадааст, муқоваланомаи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ тайи семоҳаи соли равон барои панҷ сол тасдиқ карда мешавад.
XS
SM
MD
LG