Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтод соли сӯзанидӯзи маъруфи Хуҷанд


«Ман ба ин ҳунар аз вақте ки ақламро шинохтаам, машғулам, ҳанӯз духтари хурд будам, ки бо сӯзану абрешим кор карданро дӯст медоштам. Чӣ қадар сӯзанӣ дӯхтаам? Ҳозир аниқаша намедонам. Аммо аз 300- то зиёд. Сӯзанӣ, ҷойнамоз, расмҳои одамон, байрақу нишонҳо, вақти хонадоршавии духтару набера ва фарзандони дугонаҳоям сӯзаниҳо тақдим кардагӣ»

Чунин нақл мекунад Зулфия Баҳриддинова, сӯзанидӯзи маъруфи шаҳри Хучанд.

Синни вай ба 85 расида ва мегӯяд, ки беш аз 70 соли умрашро сарфи касби сӯзанӣ ва ё ба истилоҳи ҳунармандони Хуҷанд - кашидадӯзӣ кардааст. Гузашти солҳо қомати болои Зулфия Баҳридиноваро каме хам карда бошад ҳам, аммо рӯшании чашмонаш коста нашуда ва дастонаш намеларзанд ва ҳозир ҳам сӯзанӣ медӯзад.

Зимнан, 5 сол қабл дар синни 80 солагӣ Зулфия Баҳриддинова бо ду сӯзании худ дар озмуни ҳунармандони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек - пойтахти Қирғизистон ширкат кард ва барандаи ҷоизаи асосии озмун гашт.

Вай мегӯяд, ҳунари сӯзанидӯзиро дар хурдсолӣ аз холааш ва кашидани нақшҳои сӯзаниро аз падараш омӯхтааст. Онҳо ҳунармандони авлодӣ буданд. Падараш дар солҳои чилуму панҷоҳуми асри гузашта дар театри академии драммаи шаҳри Хуҷанд ба ҳайси рассом ва ороишгар кор мекард.

Зулфия Баҳридинова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як хотираи аҷиби худ аз авохири солҳои чилуми асри гузашта -мулоқот ва сӯҳбаташ бо Бобоҷон Ғафуров, донишманди тоҷик, ки дар он давра ба ҳайси котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вазифаи сарварии ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт, нақл кард. Дар он сол Зулфия Баҳридинова ба кори дар он замон басо пурмасъулият - сарварии созмони комсомол дар вилояти Суғд таъин шуда буд :

«Бобоҷон Ғафуров бисёр дар бораи ахлоқи занон, кори занҳо гап заданд, ки ҳеҷ аз ёд фаромӯш намекунам. Дар ахир он кас гуфтанд, ки боз аз шумо як илтимос дорам, ҳар куҷо ки бошед, кор кунед, аммо сӯзанидӯзиро напартоед. Ин гапи он кас то ҳозир ҳам аз ёдам фаромӯш нашудааст ва дар гӯшҳоям садо медиҳад »

Аммо акнун дар оғози асри нав ва ҳазораи нав дар Хуҷанд кам касон дар ёд доранд, ки Зулфия Баҳриддиноваи 85 сола замоне сарвари комсомолони устон буд, аммо имрӯз ҳам бисёриҳо ӯро ҳамчун беҳтарин сӯзанидӯзи Суғд мешиносанд. Хуршеда Содиқова, яке аз шогирдонаш мегӯяд:

«Сӯзаниҳое, ки Зулфия Баҳридинова аз 15 солагӣ дӯхтаанд, дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Баъзе намунаҳои кори ӯ дар коллексияи шахсӣ нигаҳ дошта мешавад, баъзеи дигар дар осорхонаҳои дунё ба намоиш гузошта шудааст. Бисёриҳо асрори ҳунари ӯро омӯхтан мехоҳанд.»

Дар шаҳри Хуҷанд дар заминаи созмони ҷамъиятии «Фатҳ» мактаби сӯзинии Зулфия Баҳриддинова таъсис ёфтааст. Усмон Ҳомидов, сарвари ин мактаб мегӯяд, дар он наврасону ҷавондухтарон асрори ҳунари сӯзании Суғдро аз худ мекунанд:

«Ҳунари Зулфия Баҳриддинова бисёр нозукиҳои худро дорад. Зеро сӯзанидӯзӣ аз байн рафта истода буд, 5 - 6 нафар духтарҳо аз байни шогирдон ҳунари ӯро аз худ кардаанд. Сӯзанидӯзии Хуҷанд аз ин ҳунари минтақаҳои дигар, Исфараву Конибодом ва Истаравшан фарқ мекунад.»

Аммо Зулфия Баҳриддинова имрӯзҳо ба эҳёи ду нақши қадимаи сӯзании Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 85 - умин солгарди зодрӯзаш машғул аст.
XS
SM
MD
LG