Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши тозаи сенати Канада оид ба Афғонистон


Як гузориши тозаи сенати Конодо мегӯяд, ки маъмурияти Паймони Атлантики Шимолӣ дар Афғонистон дучори мушкил шудааст ва шанси бисёре барои расидан ба муваффақият надорад, магар ин ки кишварҳои узв барои иҷрои ин маъмурият нерӯву манобеъи чашмгире бифристанд.


Дар гузориши кумитаи амният ва дифоъи сенати Конодо омадааст, ки ин кишвар маъмурияти НАТО дар Афғонистон дар соли гузаштаро таҳқиқ кардааст.


Ва пешниҳод дорад, ки агар кишварҳои узви паймон барои таъмини амнияти Афғонистон нерӯҳои қобили мулоҳиза нафиристанд, Конодо масъалаи ихроҷи дуюним ҳазор сарбозаш аз ин кишварро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG