Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум ба марг шудани Таҳо Ёсин Рамазон


Як додгоҳи Ироқ Таҳо Ёсин Рамазон, муовини раиси ҷумҳури собиқи Ироқ Саддом Ҳусайнро ба марг, аз роҳи ба дор овехтан маҳкум кард.


Пеш аз ин Таҳа Ёсин Рамазонро бо ҷурми ҷиноят алайҳи башарият ва қатли 148 шиъамазҳаб дар ноҳияи Дуҷайл дар солҳои 80 ум ба ҳабси абад маҳкум карда буданд.


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз давлати Ироқ хостааст, тамоми муқаррароти иҷрои ҳукми қатлро риоят кунад, чун шеваи қатли Саддом Ҳусайн ва ҳамроҳони ӯ ғавғои байналмилалиро барангехта буд.
XS
SM
MD
LG