Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Туркманистон озод ва одилона набуд, вале...


Брюс Паннир Коршиносон мегӯянд, интихоботи президентии Туркманистон озод ва одилона набуд, вале нишонаҳое дошт, ки метавон зимни онҳо дигаргуниҳои мусбатро ҳадс зад.

Барои бисёр кишварҳо ширкати 98,65%-и интихобкунандагон дар овоздиҳӣ як мӯъҷиза аст, вале на барои Туркманистон, ки дар соли 1992, дар интихоботи гузаштаи президентии он 99,8%-и соҳибони ҳаққи раъй ширкат карда буданд.

Аммо ин адади мақомоти расмӣ бо ончи хабарнигорони радиои Озодӣ диданд, мутобиқат намекунад. Яъне бо марказҳои камодами овоздиҳӣ, райъдиҳандагони якка ва маҷрои парокандаи онҳо дар чандин ҳавза чи дар пойтахт Ишқобод ва чи дар вилояти шарқии Лабиоб. Иттилоъ дар бораи номзадҳо зери ин хатти сабз аст.

Вакилони Маҷмаъи порлумонии Аврупо ва Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо , ки ба ҳайси нозирони ғайрирасмии интихобот ба Туркманистон сафар кардаанд, мегӯянд, интихобот мутлақан озод ва одилона набуд.

Аммо аз ибтидо намебоист, аз ин интихобот интизориҳои зиёде дошт, гуфт, мудири барномаи Туркманистон дар Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи Боз Эрика Дейли ва афзуд: "Ин аввалин интихоботи чандномзадии президентӣ дар Туркманистон буд. Вале як интихоботи бе интихоб. Моҳиятан дар байни шаш номзад ва шаш барнома тафовутҳои муҳиме вуҷуд надошт ва аз он ҷо ки ҳамаи онҳо намояндаи як ҳизб буданд, худи овоздиҳӣ маънияшро гум карда буд."

Ба гуфтаи Дейли ин ба интихоботҳои дохилиҳизбии бархе аз кишварҳо монанд буд, ки аз миёни номзадҳои як ҳизб беҳтаринаш муайян мегардад барои сабқат бо беҳтарин намояндаи ҳизбҳои дигар.

Аммо ба ақидаи дигарон ин интихобот барои Туркманистон бениҳоят муҳим буд. Президенти пешини ин кишвар, ки дар моҳи декабр аз ҷаҳон гузашт, дар соли 1999 президенти абадӣ эълон шуда буд ва барои чунин тасмим ҳафт соли баъдаш кишвар ҳадафи танқидҳои байнулмилалӣ қарор дошт. Ва агар ба ҷойи чунин интихобот, ҳукумати Туркманистон як нафарро мегирифту президент таъин мекард ҳам , касе дар ҷаҳон ба тааҷҷуб намеафтод.

Майкл Ҳолл, мудири барномаи Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ мегӯяд: "Аз сӯи дигар худи баргузории чунин интихобот як падидаи ҷолиб аст. Мақомоти нави Туркманистон мехоҳанд, дар чашми мардуми худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ як қонунмандие дошта бошанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки шояд ин як нишонаи тағйир дар Туркманистон бошад."

Ва Эрика Дейли мегӯяд, худи он ки номзадҳо бо шикастани ҳама гуна табуҳои сиёсӣ мавзӯъҳоеро матраҳ карданд, ки дар гузашта мамнӯъ буданд ва ваъдаҳое доданд, ки масъулияти ҳукуматро дар назди мардум нишон медиҳад, падидаҳои мусбат буда метавонанд. Фақат суол ин аст, ки оё касе ба ваъдаҳо вафо хоҳад кард.

Дастикам ба назар мерасад, як ваъда дар ҳоли иҷрост. Аз он ҷо ки номзадҳо дастрасии беҳтар ва сартосарии мардум ба интернетро ваъда карда буданд, ширкати давлатии "Туркментелеком", ягона расонандаи интернет дар кишвар эълон кард, ки ба зудӣ аввалин интернет-кафеи Туркманистонро боз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG