Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтарин давандаҳои тоҷик дар Кения медаванд


Пойгаи ҷумҳуриявӣ, ки дар боғи ба номи Айнии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Дар пойга ҳудуди 50 варзишгар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат варзиданд. Шайдулло Исоев, раҳбари мактаби махсуси захоири олимпии шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз баргузории ин пойга, аслан муайян кардани беҳтарин варзишгарони кишвар байни мардон дар давидан ба масофаи 8 ва 12 километр буд, ки Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон моҳи апрел дар Кения намояндагӣ хоҳанд кард.

Давандаи маъруфи тоҷик Аҷмал Амиров масофаи 12 километрро дар зарфи 37 дақиқаю 10 сония тай намуда, мақоми аввалро касб кард ва барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ роҳ ёфт.
Сотиболдӣ Ҳаитов, ки нисбат ба ғолиб 37 сония дертар ба марра расид, дар мақоми дуввум қарор гирифт. Сергей Забавский бо натиҷаи 38 дақиқаю 50 сония севвум шуд.

Маҳмуд Зарифов дар пойга ба масофаи 8 километр бо натиҷаи 27 дақиқаю 59 сония ғолиб омад. Мираҳмад Бекмаҳмадов ин масофаро дар муддати 28 дақиқаю 49 сония тай карда, ҷойи дуввумро соҳиб гашт. Муҳиддин Насриддинов бо натиҷаи 29 дақиқаю 34 сония дар зинаи севвум ҷой гирифт.

Сабқати духтарон низ дар ду масофа - 4 ва 6 километр баргузор шуд. Рухшона Сафарова масофаи 4 километрро аз ҳама пеш тай намуд. Раҳима Азизова ҷойи дуввум ва Анна Прудетс ҷойи севвумро ишғол карданд. Надежда Риоева дар пойгаи шашкилометра ғолиб шуд. Хоҳарон Надима ва Нодира Мирзоеваҳо мутаносибан дар ҷойҳои дуввуму севвум қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG