Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Камбуди нон ва афзоиши арзиши он дар Хоруғ


Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ - маркази идории вилояти Бадахшон камбуди нон эҳсос мешавад ва арзиши он панҷоҳ дар сад боло рафтааст.


Хабаргузории маҳаллии «Помир Медиа» бо истинод ба раҳбари корхонаи нонпазии шаҳри Хоруғ гуфтааст, бо иллати садама дар нерӯгоҳи «Помир - 1» ва маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба шаҳр, корхона наметавонад ба қадри лозима нон бипазад. Ӯ гуфтааст, қаблан дар рӯз то ҳазор хлеб пухта мешуд, аммо имрӯз корхона барои пухтани танҳо дусад дона хлеб фурсат меёбаду халос.


Хабаргузорӣ менависад, бо ин иллат, қиммати як дона хлеб дар бозорҳои шаҳри Хоруғ аз як сомонӣ то ба яку ним сомонӣ боло рафтааст.


Пас аз садамаи рӯзи панҷуми феврал дар нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» шаҳри Хоруғ ва бархе аз навоҳии Бадахшон ба мушкили нерӯи барқ мувоҷеҳ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, барои аҳолии шаҳри Хоруғ се соат субҳ ва се соат бегоҳ нерӯи барқ дода мешавад.
XS
SM
MD
LG