Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ аз интихобот дар Қабодиёну Восеъ шикоят надорад


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар порлумони кишвар гуфт, интихоботи 11 феврал дар Қабодиёну Восеъ бо иштибоҳоти андак доир шуд, вале ба сурати умум онҳо аз ҷараёни он шикоят надоранд.


ҲНИТ танҳо дар ҳавзаи Қабодиён як номзад дар баробари номзади ҲХДТ пешбарӣ намуда буд. Номзади ҲНИТ дар ин интихобот шикаст хӯрд.


Бар асоси иттилои Кумиссиюни марказии интихобот, ҷараёни баргузории интихоботи миёндаврии порлумонӣ дар ин ду ҳавза аз сӯи аҳзоби сиёсии ширкаткарда ва бархе аз сафоратҳо назорат шуд.


Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дафтари Кумиссиюни марказии интихобот гуфт, дар ҷараёни интихобот тахаллуф ва тақаллубкорӣ аз сӯи аҳзоби сиёсӣ ва нозирони онҳо сабт нашуда ва дар ин замина ҳеҷ шикояте низ дарёфт накардаанд.


Ба ин тартиб, ду курсии холишуда дар порлумони Тоҷикистон дубора ба дасти намояндагони ҳизби ҳокими халкӣ-демократӣ, ҳизбе, ки аксари курсиҳоро дар порлумон дар ихтиёр дорад, расидааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG