Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи қариб 200 кг маводи мухаддир


Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони милиса дар як амалиёти вижа қариб 200 килограм маводи мухаддирро мусодира карданд. Ин амалиёт шоми якшанбе дар ноҳияи Варзоб ҷараён гирифт. Қочоқбарон дар автомобили "Нива" дар ҳоле боздошт шуданд, ки 54 килограм ҳероин ва 155 килограм афюнро дар махфигоҳҳои ин мошин ҷобаҷо карда, мехостанд, ба шимоли Тоҷикистон сафар кунанд.


Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи автомобил ва ду ҳамсафари ӯ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.


Аз аввали сол то ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 700 килограм маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст, аммо боре ки акнун мусодира гашт, калонтарин бастаест, ки дар якуним моҳи аввали сол ба даст афтодааст.
XS
SM
MD
LG