Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши шумори муътодон дар Тоҷикистон


Мутобиқи омори Ожонсии мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон теъдоди афроди муътод дар ин кишвар дар соли 2006 нисбат ба соли 2005 афзоиши назаррас касб кардааст. Ожонси мазкур бо такя бар омори вазорати беҳдошти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар соли 2006 шумори расмии афроди муътод дар кишвар ба 7810 нафар расидааст, ин дар муқоиса бо соли - 2005 78 нафар зиёдтар аст.




Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон меазояд, ки аз ин миён наздик ба 70 дарсадро афроде ташкил медиҳад, ки аз 30 то 59 сол умр доранд. Бар асоси бароварди манбаъи мазкур 2380 нафар аз муътодони расман сабти ном шуда ва ё баробар ба 30 дарсади онҳоро наврасону ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳад.




Аз ҳама бештар муътодон тибқи маълумоти Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондод дар соли 2006 дар шаҳри Душанбе то ба 4125 нафар афзоиш ёфтааст.




Вилояти Суғд аз лиҳози доштани афроди муътод дувумин минтақаи нигаронкунанда арзёбӣ шудааст. Омори расмӣ теъдоди муътодонро дар минтақаи шимоли Тоҷикистон дар соли - 2006 1246 нафар муайян кардааст. Бинобар ба таъкиди ҳамин манбаъ ин нишондиҳанда дар ҷануби кишвар дар соли 2006 беш аз 900 нафарро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG