Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии номзадҳои ҲХДТ дар интихоботи миёндаврии порлумонӣ


Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон бо эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи миёндаврии порлумонии кишвар гуфтааст ду намояндаи ҲХДТ бо касби раъйи бештар дар он барранда шудаанд.




Муҳибулло Додоҷонов раҳбари ситоди Кумисюни марказиии интихоботи Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт номзадҳои ҲХДТ Раҳмоналӣ Умаров аз ҳавзаи интихоботии Восеъ ва Бадриддин Садриддинов аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Қубодиён муваффақ ба касби беш аз 80 дарсади раъйдиҳандагон шудаанд.




Мувофиқи иттилоъи ҳамин манбаъ барои касби ваколати намояндаи мардумӣ дар ҳавзаи ноҳияи Восеъ танҳо як нафар номзад, намояндаи ҲХДТ дар корзори интихоботӣ ширкат варзидааст. Дар ноҳияи Қубодиён барои касби курсии порлумонӣ ду номзад яке аз ҲХДТ ва номзади рақиб аз ҲНИТ сабти ном шуда буданд.




Тибқи иттилоъи КМИР раванди баргузории интихоботи миёндаврии порлумонӣ дар дар ду ҳавзаи интихоботиро намояндагони сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон назорат намудаанд. КМИР ҳамчунин хабар медиҳад, ки то кунун ҳеҷ гуна шикоят дар мавриди наҳваи баргузории интихобот ва ҷой доштани тахаллуф дастраси ин ниҳод нашудааст.
XS
SM
MD
LG