Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири дифоъи Амрико ба Покистон


УХ

Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс барои анҷоми гуфтугу бо мақомоти Покистон имрӯз вориди Исломобод- пойтахти ин кишвар шудааст. Вазъият дар Афғонистон ва дигар масоили муҳими амниятӣ аз мавзӯъҳои мулоқоти вазири дифоъи Амрико бо раҳбарони Покистон хоҳад буд.


Роберт Гейтс, пас аз таъйин шудан ба ҷойи Доналд Рамсфелд дар мақоми вазири дифоъ бори аввал аст, ки ба Покистон сафар мекунад. Феълан Покистон таҳти фишори афзояндаи Амрико қарор гирифтааст ва аз ин кишвар Амрико тақозо кардааст,ки барои хотима додан ба убуру мурури пайравони Толибон ва Ал-қоида ба хоки Афғонистон кори бештаре анҷом диҳад.


Ин дар ҳолест,ки гуфта мешавад чанд минтақаи вилояти Ҳилманди Афғонистон дар ҳоли ҳозир таҳти контроли нерӯҳои Толибон қарор гирифтаанд ва авзоъи амниятии Афғонистон ба дунболи ташдиди ҳамлаҳои ахири Толибон ба вахомат гиройидааст.
XS
SM
MD
LG