Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ирон ба музокира омода аст, аммо ғанисозии ураниюмро қатъ нахоҳад кард


Ирон гуфт, омода аст, доир ба барномаҳои баҳсбарангези ҳастаиаш бо кишварҳои ғарбӣ музокира кунад, аммо дигарбора таъкид варзид, ки фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро мутавақиф нахоҳад кард.


Зимни сухаронӣ дар шаҳри Теҳрон раиси ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, кишвараш ҳамчунон бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.


Дар шаҳри Мюнхени Олмон музокиракунандаи баландпояи Ирон дар умури ҳастаӣ Алии Лориҷонӣ гуфт, тамоми масоили боқимонда дар робита ба назорати барномаҳои ҳастаии Иронро дар ҷараёни чанд ҳафта метавон ҳал кард.


Аммо вазири умури хориҷаи Фаронса Филип Дуст Блазӣ гуфтааст, ки идомаи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум дар Ирон комилан ғайриқобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG