Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сукути Эрон дар баробари иддаъои нави Амрико


Мақомоти иронӣ то кунун ба иддаъоҳои нави Амрико, мабнӣ ба он ки, бомбҳои сохти иронӣ дар Ироқ 170 сарбози нерӯҳои эътилофӣ кушта шудаанд, вокунише нишон надодаанд.


Як мақоми баландпояи Вазорати дифоъи Амрико гуфт, ки аз соли 2004 то кунун 170 сарбози нерӯҳои эътилофӣ тавассути бомбҳои сохти иронӣ, дар Ироқ кушта шудаанд.


Ба гуфтаи ҳамин мақом, бо истифода аз ин таслиҳот ҳамчунин 620 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин мақом, ки нахост номаш фош шавад, ба хабарнигорон дар Бағдод гуфт, ин бомбҳо бо дастури давлати Ирон дар ихтиёри гурӯҳҳои шӯришӣ дар Ироқ қарор дода шудаанд.


Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, сипоҳи Қудси Ҷумҳурии Исломӣ дар ин корҳо даст дорад.


Мақомоти иронӣ дар гузашта иддаъо доир ба он ки шӯришиёни ироқиро бо аслиҳа таъмин мекунанд, рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG