Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи президентӣ дар Туркманистон


УХ

Қарор аст, имрӯз 12 феврал натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркманистон эълом гардад. Дар зарфи 15 соли ахир ин бори аввал аст,ки дар ин кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркманистон баргузор мегардад. Ҳамчунин ин аввалин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Туркманистон аст, ки дар он чанд номзад барои касби курсии раиси ҷумҳурӣ ширкат варзиданд, вале ҳамаи онҳо намояндаи ҳизби ҳокимин инкишвар ба шумор мераванд, чун дигар аҳзоб дар Туркманистон расман иҷозаи фаъолият надоранд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки дар интихоботи баргузор шуда беш аз 98 дар сади раъйдиҳандагон ширкат карданд, аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Туркманистон мегӯяд, ки ҳузури мардум дар ин корзори интихоботӣ кам ба назар мерасид. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ғолибан дар интихобот Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов пирӯз мешавад. Интизор меравад, ки раиси ҷумҳури нави Туркманистон ду рӯз баъд, яъне 14 феврал савганди расмӣ ёд кунад.
XS
SM
MD
LG