Пайвандҳои дастрасӣ

Марди сиёҳпуст муддаъии курсии раёсати ҷумҳурии Амрикост


НХ

Сенатор Барак Обама эълон кард, ки мехоҳад аз Ҳизби Демократи Амрико номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико пешбарӣ кунад:


"Ман дар ру ба руи шумо истодаам, то номзадии худамро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кунам". (кафзанӣ ва сару садоҳо)


Интихобот соли 2008 баргузор мешавад. Обама, ки дар Сенати Амрико аз аёлати Иллинойс намояндагӣ мекунад, қавл дод, ки ба ҷанг дар Ироқ хотима мебахшад ва тафриқаҳои ҳизбиро, ки Вошингтонро фаро гирифтааст, аз байн мебарад.

Обамаи 45-сола барои муттаҳид сохтани кишвар тавоноии Абраҳам Линколнро ба ёд меовард ва мегуфт, ки ба унвони нахустин раиси ҷумҳури сиёҳпуст насли навро раҳбарӣ хоҳад кард. Модари Барак Обама сафедпуст аз аёлати Канзас ва падараш сиёҳпуст аз Кения мебошад. Обама 8 сол узви Сенати аёлати Иллинойс буд ва баъд аз пирузӣ дар интихоботи соли 2004 узви Сенати Амрико шуд.


Аз Ҳизби Демократи Амрико сенатор Ҳилларӣ Клинтон низ мехоҳад номзадиашро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG