Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон раиси ҷумҳури нав интихоб мекунад


НХ

Имруз дар Туркманистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Барои курсии раёсати ҷумҳурӣ шаш номзад мубориза мекунанд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов- кафили раёсати ҷумҳурӣ, ки 10 сол дар кобинаи давлати Сафармурод Ниёзов кор кардааст, муддаъии аслӣ дониста мешавад.


Маросими савганди раиси ҷумҳури мунтахаб барои рузи чаҳоршанбе дар назар гирфта шудааст, бо вуҷуди ин ки аз лиҳози фаннӣ даври дуввуми интихобот истисно дониста намешавад. Горан Ленмейке-раиси Маҷмаъи Порламонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо гуфт, ба бовар вай, Туркманистон мехоҳад равобити худро бо маҳофили байналмилалӣ барқарор кунад.


Ленмейке ин суханонро баъд аз мулоқоташ бо Рашид Мередов-вазири умури хориҷаи Туркманистон дар ҳузури раҳбарони порламон изҳор доштааст. Ҳайати камшумори Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ҳоло дар Туркманистон қарор дорад, вале аъзои ин ҳайат ба унвони нозири расмӣ бар ҷараёни интихобот назорат нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG