Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико иддаъои Путинро "мояи таассуф" номид


НХ

Давлати Амрико иддаъои Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Русияро рад кард. Путин дар конфронси Амниятии Мюнхени Олмон гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сайёраро беш аз пеш ба хатар андохтааст. Гордон Ҷондро-сухангуи мушовири амнияти милии Ҷорҷ Буш иддаъои Влодимир Путинро иштибоҳ номид. Вай гуфт, Кохи Сафед аз суханони раиси ҷумҳури Русия тааҷҷуб кард ва муттаасиф аст. Влодимир Путин дар Мюнхени Олмон чунин гуфт:


"Он чӣ ҳоло дар ҷаҳон мегузарад, натиҷаи талошҳое барои ҷорӣ кардани ҳамин назария дар умури байналмилалист, яъне якқутбӣ кардани ҷаҳон. Вале натиҷааш чӣ аст? Фаъолиятҳои якҷониба ва ғайриқонунӣ ҳеҷ мушкилро ҳал накардааст. Гузашта аз ин, чунин бархурд муҳаррики фоҷеъаи нави инсонӣ ва манбаъи ташаннуҷ шудааст. Худатон қазоват кунед, ҷангҳо ва муноқишаҳои маҳалливу минтақаӣ коҳиш наёфт ва дар ин муноқишаҳо шумораи кушташудагон камтар нашуд, балки бештар аз гузашта шуд, ба таври қобили мулоҳиза бештар шуд".


Ҷондро-сухангуи мушовири амнияти милии раиси ҷумҳури Амрико гуфт, бо вуҷуди чунин суханони Путин, Вошингтон интизор дорад, ки дар заминаҳои манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ ва мубориза бо терроризм ҳамкориашро бо Маскав идома диҳад.
XS
SM
MD
LG