Пайвандҳои дастрасӣ

Ошноии ҷавонони тоҷик бо Паймони Атлантики Шимолӣ


Бо ибтикори як созмони ғайридавлатӣ ва кӯмаки молии Паймони Атлантики Шимолӣ дар шаҳри Душанбе як мизи гирд бо ширкати донишҷӯёни Тоҷикистон барпо шуд, ки мақсад аз он шиносоии бештари ҷавонони тоҷик бо фаъолиятҳои НАТО дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон будааст.


Нодия Марсан, масъули иттилоотии паймон дар Осиёи Марказӣ ва Покистон мегӯяд, бо баргузории ин гуна маъракаҳои омӯзишӣ созмонаш таваққӯъ дорад дар саросари ҷаҳон мардумро аз нақши умдаи НАТО дар амнияти умумбашарӣ огаҳ созад. Вай афзуд, ин маъракаҳо барои гирдоварии назари ҷомиаҳои мухталиф дар мавриди фаъолиятҳои НАТО имкон медиҳанд. Хонум Марсан афзуд: «Ҳоло як нафар пурсид, ки шумо ба он ки мардуми Гурҷистону Украина ҳукуматҳояшро дар ҳамкорӣ бо НАТО дастгирӣ намекунанд, чӣ мегӯед? Ҳадафи мо ҳам ана ҳамин гуна суолҳо ҳастанд, ки ба мардум фаҳмонем НАТО чист, бо чӣ машғул аст ва чӣ ҳадаф дорад. Мо мехоҳем фаъолиятамон фаҳмо ва шаффоф бошад.»


Музаффар Иброҳимов, донишҷӯи Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон, аз иштирокдорони мизи гирд гуфт, баргузории ин гуна маъракаҳо боиси васеъ гаштани донишҳои сиёсии мардум мешавад. Тоҷикистон яке аз 20 кишвари ҳамкори созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ мебошад.
Абдуҷаббор Сатторов, райиси созмони ғайридавлатии Элегант Интеллект гуфт, дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон бо Паймони Атлантикаи Шимолӣ тобистони имсол боз як маъракати омӯзишие, ки Академияи тобистона унвон мешавад, бо ширкати донишҷӯёни кишвар баргузор мешавад.

Фарҳоди Милод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG