Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармшавии ҷаҳонии ҳаво ба Тоҷикистон дахл дорад?


Ба назари муҳаққиқони ҳавошиноси Тоҷикистон нишонаҳои гармшавии иқлим дар кишвар аллакай аз камшавии ҳаҷми пиряхҳо ва афзоиши ҳодисаҳои фалокатбори табиъӣ мушоҳида мешавад. Дар Тоҷикистон пиряхҳо шурӯъ аз солҳои 40-ум дар ҳоли обшавианд ва тибқи як пажӯҳиш то солҳои 2050 ҳамаи пиряхҳои хурд нобуд мешаванд, ки ин метавонад оқибати фалокатбор дошта бошад. мегӯяд, Темур Идрисов, раиси созмони муҳитзистии «Барои замин»: «Бар асари гармоиш нахуст сатҳи оби дарёву баҳрҳо боло меравад ва баъдан шадидан паст шуда ба нестӣ мерасад.Пайомади хатарноктарин барои муҳити зисти кишварҳои минтақа биёбоншавӣ мебошад, ки аз беобӣ чунини ҳолат пеш хоҳад омад. Ҳамзамон ин боиси авҷи маризиҳои мухталифи сироятӣ мисли домана мешавад. Гармшавии аз ҳад зиёд ва хушкӣ мардуми манотиқи биёбоншударо водор мекунад ки ба ҷои дигар куч банданд, зеро дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон заминҳо чандон хуб нестанд ва дар чунин ҳолат боз ҳам бадтар мешавад, ки истифода, яъне кишти дувумбораи замин имконопазир мегарадад.»


Масъулин, гармии саросариро ба ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва талаботи зиёди одамон ба нерӯи энержӣ марбут медонанд. Инга Лоренс корманди созмони муҳитзистии Норвегӣ аз мушоҳидаи худ мегӯяд, дар Тоҷикистон аҳолӣ ба сарфаи энержӣ риоя намекунад. Хонум Инга иллати инро дар беиттилоии мардум медонад: «Ман боварӣ дорам, ки агар одамон аҳамияти онро дарк кунанд нисбати истифодаи энержӣ хеле сарфакорӣ мекунанд. Зеро сарфаи барқ ҳам барои ҳифзи муҳити зист ва ҳам барои худи аҳолии ин кишвар муфид аст. Дар ин сурат истифодаи барқ танзим мешавад ва аҳолӣ низ камтар ҳақи енержиро пардохт мекунанд. Бинобар ин муҳим аст, ки мақомоти масъули давлат дар ин роҳ чораҳои фоидаовар ҷуянд»


Анна Кириленко корманди ҳаракати экологии «Биом» марказаш дар Бишкек барои ҳифзи муҳити зист ва сарфа аз қувваи барқ ба ҳамтоёни тоҷикаш таҷрибаи барномаи ҷадиди экологии Қирғизистонро пешниҳод мекунад, ки дар он энержӣ камтар ва нури офтоб бештар истифода мешавад. «Мо чанд роҳи итсифода аз шуои офтобро чун нерӯи эенержи пешниҳод мекунем, ки ин боис мешавад мардум камтар барқ истифода кунанд ва дарахтонро низ нобуд накунанд. Ва қабл аз ҳама ин ба ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад".


Дар ҳамин ҳол Ҷамъиятҳои байналмилалаии муҳитизистӣ ҳамроҳ бо созмонҳои екологии Тоҷикистон барои пайдо намудани роҳҳалҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайомадҳои хатарзои гармшавӣ ва ивазшавии иқлим, дар пойтахти тоҷикистон, дар паси як миззи баҳс барои 3 руз ҷамъ омаданд. Дар он аз ҷумла намояндаҳои ҷамъитяҳои ҳавошиноссии Украиниву Норвегӣ ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG