Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро нашрияҳои тоҷикӣ камфурӯшанд?


Фарҳоди Милод Вуруди чанд ҳафтаномаи тоҷикӣ дар бозори матбуоти сиёсии Тоҷикистон ҳеҷ таъсире бар коҳиши харидорони нашрияҳои русии ин кишвар надоштааст. Як тан аз рӯзномафурӯшон дар маҳалли маъруф ба фурӯшгоҳи «Садбарг» дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳамоно бозори хариди «Азия-плюс», «Рекламная газета» ва нашрияи тозавориди «Аргументи и факти» - и Русия ба мисли пешин гардон аст: «Ҳаму «Реклама»- «Азия-плюс» тамом шуд. Бисёр буд тамом шуд- «Нигоҳ» - ро имрӯз оварданд, дер оварданд. Хай, мегиранд»

Ин хонум мегӯяд, ҳар ҳафта то 250 ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ва то 200 дона «Тоҷикистон», »Нигоҳ» ва «Миллат» ва «Фараж»-ро савдо мекунад. Тайи чанд моҳи ахир ҳафтаномаҳои ба майдони матбуоти тозавориди «Нигоҳ», «Фараж» ва «Озодагон» бо матраҳ кардани мавзӯъоти сиёсӣ талош доранд таваҷҷӯҳи хонандагонро ба худ ҷалб кунанд. Аммо дар бозори рӯзномаҳои Душанбе - пойтахти Тоҷикистон то ба ҳол рӯзномаҳои сиёсии русӣ серхонандатарин маҳсуб мешаванд. Аз як харидори рӯзномаҳо мепурсам, ки кадом рӯзномаро бештар меписандад: «Бештар ман нашрияи «Азия-плюс»-ро мутолиа мекунам. Дар вай бештар хабару маълумотҳое, ки ҳастанд ба таври реалний мегем, яъне ҳақиқат рост мебиёяд ва тозатаранд, хубтаранд. Баъд кам-кам «Тоҷикистон» -ро»



Ба назар мерасад, матбуоти сиёсии тоҷикӣ чӣ ба мӯҳтаво ва сифату виройиш аз ҳафтаномаҳои русӣ ақиб мондааст. Аммо коршиносон ин нуктаро далели аслии камхаридории нашрияҳои тоҷикӣ намедонанд. Онҳо мегӯянд, монеаҳои роҳи матбуоти сиёсии Тоҷикистон сунъӣ ва аз сиёсатҳои нодурусти ҳукумати кишвар арзи вуҷуд кардаанд. Онҳо мегӯянд, дар пайи ин сиёсатҳои эҳтиёткорона ҳафтаномаҳои замоне машҳури тоҷикӣ аз қабили «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан», «Оламу Одам» ва «Адолат» бо сабабҳои баъзан мармузе аз фаъолият бозмондаанд.


Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ин иддао, ки матбуоти сиёсии тоҷикӣ заъиф аст, воқеият надорад. Зеро матбуоти сиёсии тоҷикӣ ҳамеша таҳти фишори ҳукумат қарор доштааст ва ин далели қудратмандии ин нашрияҳо будааст: «Ба хотир дошта бошед, нашрияи «Рӯзи нав» аслан бо ҳамин иддао рӯйи кор омада буд ва иддаои «Рӯзи нав» ин буд, ки ҳамин гуфтор ва ҳамин ақидаро исбот кунад, ки чунин нест ва тавонист, ки дар давоми як сол аз серхонандатарин нашрияҳо гардад. Ба назар гирем, ки се сол пеш муҳити пойтахт ба ин андозае тоҷикӣ набуд ва «Рӯзи нав» дар чунин муҳит тавонист ботил будани он ақидаро, ки нашрияҳои тоҷикӣ заъифанд, исбот кунад»



Оқои Шарифзода афзуд, ҳафтаномаҳои русӣ на фақат дар утоқҳои давлатмардон хонандаи зиёд доранд, балки дастрасии рӯзноманигорони ин нашрияҳо ҳам ба сарчашмаҳои ҳукуматӣ бидуни мушкил сурат мегирад. Вай гуфт, сабаби аксаран дар нашрияҳои русӣ пайдо шудани мусоҳибаҳои давлатмардони Тоҷикистон ҳам дар он аст, ки забони русӣ барои онҳо бештар фаҳмо ва қобили қабул аст.



Раҷаби Мирзо, сардабири ду ҳафтаномаи сиёсии мавқуфшудаи - «Рӯзи нав» ва «Адолат» мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аз нашрияҳои тоҷикӣ метарсад. Вай гуфт, нашрияҳои русиро аксаран дар шаҳрҳо мехонанд, дар ҳоле ки нашрияҳои тоҷикӣ тамоми Тоҷикистонро метавонанд фаро гиранд: «Яъне таъсири матбуоти тоҷикӣ дар Тоҷикистон он қадар фаврӣ аст, ки вокуниши ҳукумат ҳам аслан ба матбуоти тоҷикӣ сурат мегирад»



Оқои Мирзо афзуд, оқибати таъсири нашрияҳои тоҷикӣ ба ҷомиаи Тоҷикистонро ҳукумати кишвар ҳанӯз ҳам дар ноамнӣ ва рӯйи кор омадани инқилобҳои ранга арзёбӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, иддае дигари коршиносон бар онанд, ки нашрияҳои тоҷикӣ гирифтори мушкилоти тахассусӣ ҳастанд.


Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» мегӯяд, нашрияҳои тоҷикӣ заъфи мудирият доранд, яъне фаъолият дар онҳо дуруст ба роҳ монда намешавад. Вай афзуд: «Бисёр мушоҳида кардаам, ки дар онҳо на аз рӯйи меъёри ҳирфаият ва ё меъёрҳои корӣ, балки аз рӯйи хешутаборӣ ва маҳалгароӣ кормандон ҷалб мешаванд. Хешу таборҳо ва ҳамшаҳриҳояшонро ҷамъ мекунанд, фикр мекунӣ, ки як иттиҳодияи ҳамшаҳриён бошад»


Як идда коршиносон мегӯянд, як далели дигари бурди нашрияҳои русӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки рекломдиҳандагон аслан бо забони русӣ рекломи худро таҳия мекунанд ва нашрияҳо тавонистаанд онҳоро ба мизоҷи доимии худ табдил дода, имконоти молии худро фарох созанд. Бо ин вуҷуд, мегӯянд онҳо, бидуни реклом ҳам нашрияҳои тоҷикӣ дар Тоҷикистон метавонанд худкифо, серхонанда ва қавӣ бошанд, агар ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти онҳоро дар доираҳои қавонини як кишвари демокративу озод баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG