Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи маблағҳои зиёди "бесоҳиб" дар фурудгоҳи Хуҷанд


Додситонии нақлиёти Суғд зимни як тафтиши вижа ҳодисаҳои ришваситониро дар фаъолияти хадамоти майдони ҳавоии Хуҷанд ошкор кардааст. Зокир Назаров - додситони нақлиёти Суғд дар рӯзи 9 - уми феврал дар ин маврид гуфт: «Дар ҳақиқат мавридҳои қонуншиканӣ дар он ҷо ҳаст. Ҳангоми тафтиш пулҳои зиёде дар рӯи мизу фаршҳо дарёфт кардем. Мо намегӯем, ки ин пулҳо ба киҳо тааллуқ дошт, аз касе ном намебарем, зеро бевосита аз кисаи онҳо он пулҳоро пайдо накардем.»



Аз рӯи ишораи додситони нақлиёти Суғд, маблағҳои зимни тафтиш дарёфтшуда дар майдони ҳавоии Хуҷанд аз ҷониби ходимон аз мусофирон ба ришва ситонида шудаанд. Аммо оқои Назаров овозаҳо дар бораи боздошти гурӯҳе аз кормандони майдони ҳавоӣ, хадамоти гумрук ва марзбонии фурудгоҳро ба гумони ришвахорӣ рад кард. Вай гуфт,ки дар пайи ҳодисаи мазкур додситонӣ нисбати ба ҷавобгариҳои интизомӣ кашидани чанд тан аз кормандони хадамоти майдони ҳавоӣ ба мақомоти марбутаи болоӣ пешниҳодҳои мушаххас ирсол доштааст.


Коршиносони маҳаллии Суғд хадамоти майдони ҳавоии Хуҷанд, ба шумули бахшҳои гумрук ва марзбонии мустақар дар фурудгоҳро, ба шумори фасодзадатарин ниҳодҳои маҳаллӣ шомил мекунанд. Мусофирон дар майдони ҳавоии Хуҷанд гуфтанд, ки чиптафурушони майдони ҳавоӣ чанд руз қабл аз соати парвоз мегуянд, ки чипта тамом шудааст, аммо бар ивази ришва мефурушанд. Ҳамчунин, кормандони гумрук ва сарҳадбонӣ ба хотири руёнидани ришва бархе аз мусофиринро мавриди тафтишҳои тӯлонӣ ва беасос қарор медиҳанд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG