Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавлоно дар Амрико


Устоди арҷманд Баширӣ, шӯҳрати ғайричашмдошти Мавлоно дар Амрико бисёриҳоро дар шигифт гузоштааст, аз ҷумла ҳамнафасони моро дар Тоҷикистон. Оё метавонед, аз ангезаҳои ин таваҷҷӯҳи густарда ба мероси Румӣ чанд сухан бигӯед?

Румӣ яке аз шинохтатариншудаи шоирони ҷаҳони Шарқ дар Амрикост. Ба тавре ки дар донишгоҳҳо давраҳои махсуси Румӣ ба вуҷуд овардаанд, дар маҳофили адабӣ ва фалсафӣ гуфтугӯ дар бораи осору афкори Румӣ чарх мезанад, дар маҳофили адабӣ ва донишгоҳҳо конфаронсҳои махсус ҷиҳати шинохти беҳтари Румӣ ироъа медиҳанд. Ҳатто дар маҳаллаҳо, калисоҳо ва маъобид ашъору афкори Румӣ вирди забонҳост. Яке аз ашхосе ки дар румишиносӣ даст дорад, Роберт Блай аст. Ӯ касест, ки Румиро ба амрикоиҳо муъаррифӣ кардааст. Шахсе ки дар бораи Румӣ кори зиёдеро анҷом додааст, Колман Баркс аст. Вай се китоби пурфурӯш дар бораи Румӣ дар Амрико ба нашр расонд. Инҳо "Мавлонои асил" дар соли 1996, "Румии нурафзо" дар соли 1997 ва "Румӣ. Китоби ишқ" дар соли 2005.

Устод Баширӣ, аммо ин таваҷҷӯҳ ба Румӣ дар Амрико оё аз кай шурӯъ шудааст ва ё рӯшантар бигӯем, кай ин таваҷҷӯҳ як шакли густардаи оммавӣ касб кард?

Мавлоноро то ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Амрико ба ғайр аз донишмандону касоне ки бо адабиёти форсӣ дар сатҳи боло сари кор доштанд, кам касоне мешинохтанд. Ва ба маҳзи ин ки ин ҳамлаҳо сурат гирифт ва мардум шурӯъ карданд ба шинохтани ислом, кам-кам бо шахсе ошно шуданд, ки воқеъияту инсоният дар афкору осораш ҳаст. Онҳо шурӯъ карданд ба мутолиаи осори Румӣ ва нашри китобҳои ӯ. Ҷанбаъи аслӣ ва далели чунин тамаркуз ин аст, ки амрикоиҳо мехоҳанд, ба суоле посух ёбанд, ки ҷаҳони ислом чӣ ҷаҳонест ва чӣ тавр мешавад, бо он ошно шуд, чӣ касоне дарунаш ҳастанду буданд ва чи тавр мешавад, аз осору афкори онҳо баҳрагирӣ кард.

Аммо оё бозёфти онҳо чӣ будааст ва чӣ чизҳое сабаби шефтагии онҳо дар баробари корномаи Румӣ гардид?

Барои дарки ин бояд аввал аз манобеъи афкору осори Румӣ сӯҳбат кард. Албатта, таҷрубиёти шахсии Румӣ қисмати бузурге аз адабиёт ва гуфтору осори Румиро ташкил медиҳад. Ғайр аз он, донистани осори гузаштагон, аз ҷумла донишмандони Юнон ва Эрони бостон. Болотар аз онҳо, Қурони карим, ки метавон гуфт, бузургтарин сарчашмаи афкори Ҷалолуддин Муҳаммади Румӣ аст. Сипас, шахсияти паёмбари ислом ба унвони як инсони комил. Баъдан, аҳодиси набавӣ ва гуфтори хулафои рошидун, роҳу расми имомон мабоҳиси фалсафаи исломӣ аз Ал Киндӣ гирифта то Форобӣ, Ибни Сино ва Умари Хайём ва албатта, муҳимтар аз ҳамаи инҳо сӯфигарӣ. Сӯфигарие ки дар афкори Румӣ бештар ҷанбаъи ботинӣ, яъне сайру сулук дорад, то ҷанбаъи зоҳирии илми калом ва аҳодис. Ва эътиқодоти мусулмонон ба таври куллӣ -- инҳо чизҳое ҳастанд, ки манбеъи ашъори Румиро ташкил медиҳанд. Мавзӯъҳои мавриди назари Румӣ низ бояд матраҳ шаванд. Инҳо, аз ҳама муҳимтар тавҳид, баъд аз он ишқи оламгир аст, ишқе ки дар ҳар диле роҳ пайдо мекунад. Румӣ мегӯяд, "ишқ мифтоҳи ҳар мушкилест." Вай ишқро ҷазб шудан, ҷазб кардан ва таҳаммул дар зиндагӣ қаламдод мекунад.
Мавзӯъи дигар зиндагии ҷовид аст ва таваҷҷӯҳи худованд ба махлуқи худаш. Румӣ мегӯяд:

Боз о, боз о, ҳар онкӣ ҳастӣ, боз о!
Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о!
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест.
Сад бор, агар туба шикастӣ, боз о!

Мавзӯъи дигар мудоро ва ҳисси инсонпарастӣ дар афкори Румист ва шояд ин аст асоси муҳими ҷовидон сохтани афкору осораш. Ва дар Амрико бахусус ба хотири ихтилофи нажодӣ, ки дар ин ҷо вуҷуд дорад, рӯйи ин ҷанбаъи афкори Румӣ аҳамияти зиёде гузошта мешавад.
Мавзӯъҳои дигаре ҳаст, мисли ҷилавгирӣ аз ҳавову ҳавас, ки аз ҷанбаъи ҳиндӣ меояд. Мегӯяд, бо чашми дил ба зиндагӣ нигаристан, на бо чашми сар. Вале ба таври куллӣ, агар бихоҳем аз як дидгоҳи бисёр боз ва умумӣ ба Румӣ нигоҳ кунем, метавонем, ҷанбаъҳои шарқию ғарбии Румиро дар дуто аз ашъораш мушоҳида кунем. Яке ҷанбаъи рӯҳонӣ ва инсонии ӯст, ки инсонро ГУМШУДАЕ ДАР ДИЁРИ ҒАЙР қаламдод мекунад. Дар сарсухани Маснавӣ мегӯяд:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Дар ин ҷо ӯ достони ҷудо шудани най аз найзорро бо достони ронда шудани башар, тард шудани инсон аз биҳиштро яке мекунад. Ва мепурсад, чӣ гуна метавонам, ба ватани аслиям баргардам? Ва оқибат натиҷа мегирад, ки пас аз тайи мароҳили сахт вале муайян, най метавонад, бо нола, яъне ба нола табдил бишавад ва роҳи худашро ба НАЙЗОРИ ВУҶУДИ АБАДӢ биёбад. Ин ҷанбаъ аз Румӣ бештар мавриди назари дӯстдорони шарқии Мавлоност. Ҷанбаъи дигари Мавлоно ҷанбаъи ақлӣ ва фалсафист, ки ӯро дар дунёи Арасту сайр медиҳад ва он вақт Мавлоно бо мантиқи Арасту ба ҳаллу фасли масоили маргу зиндагӣ мепардозад. Дар ин дунё ӯ зиндагию марг ва дору надорро яке мебинад. Ин дунё, албатта, ҳамон дунёи ИНСОНИ КОМИЛ аст, ки ба миқдори зиёд мавриди писанди амрикоиён ва аврупоиён ҳаст ва Мавлоно дар он тасвири як инсони комилро ироъа медиҳад. Мегӯяд:

Аз ҷамодӣ мурдаму номӣ шудам,
В-аз намо мурдам, ба ҳайвон сар задам,
Мурдам аз ҳайвонию одам шудам,
Пас чӣ тарсам, кай зи мурдан кам шудам?
Ҳамлаи дигар. Бимирам аз башар,
То барорам аз малоик парру сар,
Бори дигар аз малак паррон шавам,
Ончӣ андар ваҳм н-ояд, он шавам.
Пас адам гардам, адам чун арғунун
Гӯядам, к-инно aлайҳа роҷеъун

Ин сайри таҳаввул аз донӣ ба олӣ худ дорои ду ҷанбаъ аст. Ҷанбаъи дунявӣ, ки боъиси вуҷуди дунё ва пояндагии ҷаҳон аст ва ҷанбаъи ақлонӣ, ки боъиси парвариши рӯҳ аст. Аз поинтараин дараҷа то расидан ба авҷи ҳақиқат. Инсони комили Мавлавӣ як "худ"-и камолёфта аст. Ҷузъе аз таҷаллии файзу рӯҳи комил. Монанди садаф аз қатраи борон. Инсони комил шомили тамоми арзишҳои вобаста ба фақр мебошад. Аз роҳи машрӯҳ имрори маъош мекунад, ҳеч гуна ҳирсу озе надорад, узве ҳаст аз зеҳни илоҳӣ. Тамоми умури гузашта, ҳоло ва ояндаро мешиносад, дар дасташ хок зар мешавад. Олам дар инсони комил ҷазб мешавад, на инсон дар олам. Албатта, арзишҳои амалӣ ҳам дар корҳои Румӣ ҳаст, мисли адолати иҷтимоӣ, зиндагии рӯҳонӣ, таълиму тарбияти исломӣ ва ғайра.

Бархе аз нависандагон дар Амрико Румиро тавре муъаррифӣ мекунанд, ки бо осор ва афкораш ошӯбе зидди ислом барангехтааст ва ин гӯё асоси мақоми ҷовидонаи ӯ будааст. Шумо ба ин мавзӯъ чӣ назар доред?

Арз кунам, ки он баста ба сӯфигарии Румӣ дорад. Яъне сӯфигарӣ бо исломи...агар гӯем, исломи ҳақиқӣ дуруст нест, аммо мешавад гуфт, исломи маъмулӣ. Сӯфигарӣ бо исломи маъмулӣ муносибати хуб надорад. Бо фаҳмиши тангбинонаи ислом мухолиф аст. Тасаввуф шинохти дигаре аз ислом дорад. Аммо албатта, дар кунҳашон ҳарду яке ҳастанд. Ба сурати куллӣ шинохти Румӣ дар Амрико бо шинохти ӯ дар кишварҳои мо, манзур Эрон ё Тоҷикистону Афғонистон фарқи бунёдӣ надорад.

Аз осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дида мешавад, ки ӯ аз бисёр донишҳои густарда бархӯрдор буд ва Шумо ҳам инро тасдиқ мекунед. Мавлоно аз динҳои гуногуни то ислом, ақидаҳои фалсафии Юнон, ривояту таърихҳои мухталиф огаҳии комил доштааст. Инро дар Маснавӣ рӯшан метавон дид. Суол ин аст, ки оё дар он замон, 800 сол пеш, дар он шароит, ки агар шӯхиомез бигӯем, интернет вуҷуд надошт, дар чунин шароит оё чӣ гуна ин шахс тавонист, ба ин ҳама дониш даст ёбад, имкон ёбад?

Имкони бисёр содае буд, чун дар ҳудуди як қарн баъд аз ислом мусулмонҳо шурӯъ карданд ба тарҷумаи афкор ва осори юнониҳо. Ва дар ҳақиқат иллати ин ки дониши Юнон дар ҷаҳон монд, ин буд, ки мусулмонон инҳоро тарҷума кардан ва нигаҳ доштанд. Ва баъд ба Аврупо ворид шуд. Ин ҳам ҳаст, ки касоне монанди Ал Киндӣ, Форобӣ, Ибни Сино тамоми ин чизҳоро навиштанд ва ҳанӯз қабл аз Румӣ инҳо мавриди баҳси комил будааст. Ва дар замони Румӣ тақрибан тамоми масоиле ки дар Юнони қадим ҳал нашуда буд, дар фалсафаи исломӣ ва форсӣ ҳал шуда буд. Аз сӯи дигар таҷрубаи зиндагӣ нақш дорад. Румӣ касе ҳаст, ки дар хонаводаи марди донишманд ба дунё омада, таълим ва тарбияи олӣ гирифта буд ва касе буд, ки ба таври бисёр рӯшану возеҳ замону ҷаҳонро медид. Достони хубе дорад, ки мегӯяд, чаҳор нафар думболи як чиз мегаштанд, вале ҳар кадом он чизро танҳо ба забони худ медонист ва танҳо дар охируламр донистанд, ки ангур ба ҳар забон таври дигар гуфта мешавад, аммо ҳамон ангур аст. Ба назари ман, ин як таҷрубаи шахсист ва ин гуна таҷрубаҳо дар корҳояш хеле зиёданд.

Бале, як ҳунарпешаи амрикоӣ гуфтааст, мафтуни он достони Мавлоно шудааст, ки чӣ гуна чанд нафари нобино бо пармосидани узвҳои гуногуни филе, ки аввалин бор ба шаҳри онҳо оварда шудааст, тасвирҳои гуногуне дар бораи фил медиҳанд.
Вале, устоди арҷманд, оё ба назари Шумо ингуна намеояд, ки афкор ва осори Мавлоно дар Амрико як миқдоре, ҳатто ба миқдори зиёде, метавон гуфт, ҳадафи коммерсия ё тиҷорат табдил ёфтаанд. Ба думболи чопи китобҳо даҳҳо қаҳвахонаву тарабистонҳои "Кошонаи Румӣ", "Маҳфили Румӣ" пайдо шудаанд ва консертҳои барпо мешаванд, ки аз мусиқии экзотик ва ғазалҳои Румӣ ба забони инглисӣ иборатанд ва ғайр.


Ин ҷо ҳама чиз (механдад), ҳама чиз, на танҳо мероси Румӣ, мавриди тиҷорат қарор мегирад. Муҳим дар ин ҷо ин ҳаст, ки оё тамоми мардум ончизеро ки шумо мефурӯшед, харидор ҳастанд ё на. Имрӯз афкори Румӣ, он тавре ки инҳо бастабандӣ мекунанд ва бозор мефиристанд, мавриди харид ҳаст. Вале ин ҷо ҳама чиз ҳамин тавр аст, наметаовнем, бигӯем, ки чунин чизе вуҷуд надорад. Вале дар мавриди Румӣ, инро ҳам бояд афзуд, ки дар Амрико як чизе пайдо мешавад, муддате мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад, бузургтарин даромадро меорад ва аз байн меравад. Алҳол мебинем, ки Румӣ чандин сол аст, мавриди писанд мондааст ва харидоронаш зиёд мешаванду кам на.
XS
SM
MD
LG