Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ислом


Тафсилоти бештари баҳси зиёиён ин ҷост.

Салом ба масъулини ин "майдон" ва ҳамаи кормандони радиои Озодӣ!
Агар мардуми мо аз ибтидо исломро қабул намекард, эҳтимол дошт, ки миллати тоҷик то имрӯз намерасид ва ҷузъи миллати турк ё рус мешуд. Мусулмонон буданд, ки тули 70 соли ҳукумати мардуми рус (Шӯравӣ) ҳувияти миллии тоҷикиро ҳифз карданд. Ҳоло кӣ метавонад собит кунад, аз ибтидо то таназзул дар даврони шуравӣ рохбаре ё корманди давлативу ҳукуматӣ дар хонааш расму оини милливу аҷдодии моро нигоҳ доштаву мутобиқи он амал мекард? Дар деҳот ва шаҳрҳо худогоҳону мусалмонон буданд ки ин ҳувиятро нигоҳ доштанд ва баробари истиқлолият ба даст овардани кишвар онро зоҳир карданд ва интишор доданд.

Баъзеҳо мегӯянд ҷавонон ҳам улуми исломӣ омӯзанду ҳам илмҳои замонаро(?), илми исломӣ дар ҷомеаи мо нодуруст тафсир шудааст. Инсоне ки улуми исломиро бо тамоми ҷузъиёту хусусиёташ,ки барои ҳар як мусулмон фарз аст, биомӯзад, агар ҳазор сол умр бибинад он нафари пешқадами замони худ аст. Яъне то дунё боқист илми ислом илми нав аст ва асрори ҳар замонро кашф мекунад. Мардум улуми исломиро набояд мунҷамиду шахшуда ва бо мурури замон кӯҳнашаванда бидонанд.

Аз ин хотир ҳарчи бештар ба ислом рӯ овардани наврасону ҷавонон маънои бақои миллати моро дорад.

Абдулло аз шаҳри Душанбе
---------------------------------------------
Бо арзи салом,
Аввалан бояд бигуям, ки ин тарзи суолгузорӣ дар кишвари мо ғалат ё комилан иштибоҳ аст. Чаро? Чунки ба ҳама маълум аст алҳамдулиллоҳ ҳудуди беш аз 95 дарсади мардуми мо мусулмон аст. Ва агар ба назари муқаддимаи ин суол ҳамин гуна савол додан дуруст бошад, дар посух мегуям, ки ин амри табиист, ба ягон авомиле дахл надорад, ҳамчунон ки писар аз паи падар меравад.

Чизи дигар ташвишовар аст, ки чӣ гуна ин ягона дини наҷотдиҳандаи башари имрузи дунёро поку нобу беолоиш аз худ мекунанд ва аз хар гуна ихтилофоту хурофот масун мемонанд.
Албатта - албатта ҷавонони мо бояд ба ин сарчашмаи раҳмат ва роҳнамои дорайн тамассук ҷуянд!!!
Худо ҳидоятгари ҷавонон ва хамаи мардум бошад!
Алишер
---------------------------------------------

Ман ба мусулмонон муроҷиат карданиам, ки дини исломро дуруст қабул кунанд. Хондани намоз ин қарзи ҳар як мусулмон аст. Лекин ҷавонони мо (на ҳама) як ҳафта гуноҳ мекунанду рӯзи ҷумъа ба масҷид рафта, дар руи ҷойнамоз истода аз Худои мутаъол талаб мекунанд, ки аз гуноҳашон гузарад.

Ба фикри ман мусулмон он одаме, ки дар дил раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, дили пок, фикри рост дошта бошад. Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) ба фикри ман ҳаминро мехостанд. Агар ҳамаи ин дар дили моён мусулмонон бошад, олам гулистон мешавад. Ҳамаи ин аз худи одам вобаста.
Дар амони Худо бошед!

Юрмала
---------------------------------------------
Бо арзи салом,
Мавзӯъи бисёр муҳим ва мубрами ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ аст.
Ман фикр мекунам, ки вазифаи асосии дин, ин ахлоқ ва маънавиёт аст ва на сиёсату сиёсатбозӣ. Ман чунин мепиндорам, ки рафтани ҷавонон ба суи мадорис ва масҷид, аз як су онҳоро аз корҳои ношоистаи ҷаҳони муосир, нашъамандӣ, арақнӯшӣ, фоҳишагарӣ, дуздӣ нигох медорад, вале аз суи дигар ҷавонон қурбони тавтеъаҳои гурӯҳи кучак ба истилоҳ, нимчамуллоён шуда аз илм ва пешрафти муосир ақиб хоҳанд монд, ки онҳо ҷавононро албатта ба манфиати худ истифода хоҳанд бурд.

Бояд як принсип дарк карда шавад, ки он ин аст, дар дасти рост мо бояд Қуръон ва дар дасти чап Компютер дошта бошем, ки ин принсип, ман фикр мекунам, ҳастии ҳаёти мусулмонони Тоҷикистонро бояд муайян созад.
Дар Тоҷикистони мо ки ҳоло захмҳои ҷанги шаҳрвандиро табобат карда истодааст, дин бояд фишанги муттаҳидкунандаи ватан ва миллат бошад. Ин муассисаҳои ҷамъиятӣ ки таъсироташон бар ҷавонон зиёд шуда истодааст, Тоҷикистонро набояд ба кулобию помирӣ, ғармию суғдӣ, шиъаю суннӣ, исмоилӣ, куффору мусулмон тақсим кунанд, балки миллат ва ватанро дар гирдогирди идеяи шаҳрванди Тоҷикистон будан ва принсипҳои як манфиат доштан, муттаҳид кунанд.

Бо эҳтиром
Мақсад аз шаҳри Нюренберг
---------------------------------------------

Ба масҷид рафтани ҷавонон зараре надорад, вале ман чизи дигареро баррасӣ карданиям.
Ҳар як шахс хоҳу нохоҳ ба ҳастии як Қудрати мутлақ бовар дорад ва дин аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.
Давлат набояд динро инкор кунад. Инкори ислом инкори таърихи тамаддун мебошад. Ин амали замони шӯравӣ моро ташнаи оби ҳаёти маънавият гардонд. Аммо имрӯз роҳ ба дунёи маънавияти динӣ ҳамвор нест. Равия ва ҷараёнҳои зиёде мавҷуданд, ки метавонанд, ҳамзамон бо парвариши маънавиёти ҷавонон онҳоро бо сирояти радикализму тундгароӣ ва ангехтани тафриқаву нифоқ рӯбарӯ кунанд. Мушкили мо на афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба дин аст, балки камбуди таъсири давлат дар он мебошад. Бояд ниҳодҳое бошанд ё давлатӣ ва ё дар муфтиёт, ки ба ин ҷанбаъҳои ҷалб шудани ҷавонон ба масҷид таваҷҷӯҳ кунанд, ба ҷавонон кӯмак кунанд, ки аз роҳу тариқати дуруст ба дини ниёгон наздик шаванд. Зимнан, ислом дар Хуросони мо аз ҳама гуна гурӯҳбандию тундравиҳо мубарро ва дур буд, бояд ҳамингуна бимонад. Ҳам барои пирону ҳам барои ҷавонон.
Бо эҳтиром
Ворис
---------------------------------------------
Зиёд шудани сафи ҷавонон як хурсандӣ ва некбахтист. Хоҳари азизи мо мегӯяд, ки ислом ҷавоноро аз хондан бозмедорад. Баракс танҳо ислом аст, ки онҳоро ба хондану илм гирифтан даъват мекунад. Дар тафовут аз дискотека ё қиморхонаҳо.

Донишҷӯ
---------------------------------------------
Хуб аст, ки ҷавонони тоҷик аз дини ислом бохабар шаванд, вале аз илмҳои дигар низ бояд дур намонанд.

Қорӣ Исломиддин
---------------------------------------------
Ман мухолифи суханони Нигинабону ҳастам, зеро намози ҷумъа хондан ё ба масҷид рафтани ҷавонон далолат бар он намекунад, ки онҳо аз илмҳои дунявӣ дур мондаанд. Баракс онҳо ба дине рӯ оварданд, ки ба ҳамаи суоли онҳо посухҳои қонеъкунанда медиҳад.

Далер Мирзоев аз Португалия
---------------------------------------------
Салом.
Ин ҷо хоҳари Нигина бисёр хуб гуфтаанд ва ман сад дар сад тарафдори суханони он касам. Ва банда низ дучори ҳамин гуна рафтори ҷавонон гаштаам.

Ман фикр мекунам, ин чо гуноҳи падару модари он ҷавонон бисёр бузург аст, ки ҳаёти фарзандони худро ба дасти нимчамуллоён месупоранд ва албатта, ин гуна нимчамуллоён, ки сарчашмаи донишашон аз Қурони шариф несту оғуштаи гуноҳанд, низ қазоват кунед, ки ҷавононро ба кадом роҳ ҳидоят мекунанд.

Бошад, ки ҷавонони тоҷик донандаи Қурони шариф бошанду донандаи илмҳои муосир низ.

Далер
---------------------------------------------


Салом ба хонандагони сайти интернетӣ.

Ростй, хеле мавзӯи ҷолиб аст, аммо беҳтар мешавад доир ба баҳси зиёиёни динӣ ва дунявӣ радиои Озодй як конфаронси илмӣ доир мекард, ки ҳамаи паҳлуҳои баҳсро дар бар мегирифт.

Ва дигар мо миллати тоҷик ин қадар олимҳое ки ба тамоми соҳаҳои илми дунё тақдим кардем, чун Бухорӣ, Ибни Сино, Мавлоно Румӣ, Имом Табарӣ ва ғайра ҳамаи инҳо дастпарвардаи масҷид ҳастанд ва чаро мо аз масҷид ин қадар метарсем ва қарор қабул мекунам, ки ҷавонон ба масҷид нараванд?

Бояд ҳукумати кишвар аз тамоюли ҷавонон ба масҷид оқилона истифода барад. Чунки ҳоло аксаран муаллимони беахлоқ ва бетаҷриба дар мактабҳо дарс мегӯянд ва ба ҷавонон ягон таъсир надоранд. Дар ин ҳол ягона ҷое ки ахлоқи ҷавонони моро дуруст мекунад ва аз ҷинояткорӣ бозмедорад, масҷид аст.

Мисол, дар масҷидҳо дар баробари дарси Қурон ва Ҳадис илмҳои дигар низ дарс дода шавад. Ислом физика ё химияро манъ накардааст ва олимони қадимии мо ин улумро дар масҷид омўхтаанд.

Хулоса, аз майли ҷавонон ба масҷид набояд ҳаросид ва бояд ба он хушбин буд. Дар Ғарб низ гароиш ба дин рӯ ба афзоиш дорад. Масалан, дар Амрико гароиши мардум ба масеҳият аз ҳамаи кишварҳои Ғарб бештар аст. Озодӣ бояд барои ҳама баробар бошад, ба шумули ҷавонони мо.

Сироҷиддин аз шаҳри Душанбе
---------------------------------------------
Дуруд ба мубоҳисон!
Ба фикри банда, ағлаби ширкаткунандагони ин баҳс нақши исломро беш аз ҳад муболиға мекунанд. Оре, ислом дини мост, мо ҷавонон, бояд бардоште аз он дошта бошем, вале набояд зиёд дар банду сарбандҳои дин худро ғулому мутеъ гардонем. Инсони ҷавоне ки пой ба арзаи зиндагӣ мегузорад, бояд як каме фикри озод дошта бошад ва ба бисёр нукоти ҳаёт бо василаи таҷрибаи худ идрок ҳосил кунад.

Ман инро раво намебинам, ки пеши муллои маҳаллаамон, собиқ раиси райпо, ки умре ба дуздӣ машғул буду акнун мулло шудааст, сар фуруд орам ва ҳар чизе ки вай бигӯяд, қабул кунам. Ба гуфти яке аз ширкаткунандагони баҳс, ман ақли худамро дорам.

Бисёр аламовар аст, ки як дӯсти дигар мегӯяд, агар олими тоҷик монанди Эйнштейн бошад ҳам ӯро намеписандад. Ин чист??? Магар ҳамин гуна муносибат нест, ки дар 1400 соли ислом мо дигар олиме монанди Ибни Сино надоштем, чӣ монад ба Эйнштейн!!!

Бо эҳтиром
Ашӯри Назарзода
---------------------------------------------

Дин як дастури комили зиндагист ва ба таври мухтасар агар бигўем:
- ба мо ҳадафи зиндагиро баён мекунад;
- ахлоқи ҳамида ва одоби ҳасанаро меомӯзонад;
- дӯстӣ бо дин, кишвар, аҳли оила ва дўстонро ёд медиҳад.

Пас чӣ хулоса бояд гирифт?

Дар охир ин байтро ёдрас мекунам ба бародарон ва хоҳарон, то пеш аз инки як ҳукмеро нисбати дин мегӯед, бояд аввал аз ҳақиқати дин ва аҳдофи он бохабар бошед.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Ташаккур
Аҳмади Аҳмад
---------------------------------------------

Як рубоиро ба шумо ҳамчун мисол меорам:

Who in this world has no sinned?
(Он кас ки дар ин ҷаҳон гунаҳ накард, кист, бигӯ?)

Confirm if a non-sinner ever existed?
(Вон кас ки гунаҳ накард, чун зист, бигӯ)

I do wrong and you punish;
(Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ)

So what is it that differentiates You from Me?
(Пас фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?)

Суханони Умари Хайём.

(Ба бародароне ки фикри худро бо байт баён кардаанд.)
Аки
----------------------------------------------
Воқеан имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки сафи ҷавонон дар масҷид рӯ ба афзоиш дорад. Як сабабаш гўш овардан ба Амри Маъруфу Найҳе аз Мункар аст. То ростро аз дурўғ фарқ кард ва бадиро аз некӣ.

Асрик
---------------------------------------------

Бо салом бар ҳамагӣ.
Дар таърихи тоҷикон албатта баъди омадани дини ислом мо ё донишмандони дунявӣ доштем ё зиёӣ. Яъне зиёиёни мо ҳама донишмандони исломӣ буданд, ки яке шинохтатарини онхо Домулло Аҳмади Дониш буд. Манзури банда ин аст ки ҳар кӣ худро зиёӣ мегуяд у пас аз ин дини муқаддас бояд бохабар бошад ва ҳар кӣ ҳам дам аз муллогӣ мезанад ӯ бояд аввал зиёӣ бошад.

Дар ҳама давру замон аввалин касоне ки ба мушкилоти мардум кумаки маънави мерасониданд ин диндорон буданд. Бахусус диндорони исломӣ дар худ ахлоқу рафтори ҳамида нишон медоданд. Пас зиёӣ ва мулло ҳар дуто як исм аст ва онҳое ки аз дини мо дуранд, мо онҳоро дар сафи зиёиён кабул надорем, ҳатто агар онҳо донишмандони мисли Коперник ё худ Эйнштейн бошанд....

Бо эҳтиром
Низом Асомуддинов
---------------------------------------------
Агарчи илми нокофӣ дорам, хостам аз ягон ҷиҳат суханам дар ин ҷо ҷо дошта бошад.

Ман фикр мекунам, рӯ овардани ҷавонон ба масҷид аз ягон ҷиҳат манфй буда наметавонад, ҳарчанд мухолифони ин зиёданд. Вале мо набояд рўҳафтода шавем дар ҳоле ки сарвари мо пуштибоне аз ислом аст. Агар сарвари давлат чунин бошад, КГБ-аш кӣ будааст?

Фарде ки ба ислом рӯ меорад, на дуздӣ мекунад, на ришва мехўрад ва на ба фаҳш роҳ медиҳад.

Ислом ба зоти худ надорад айбе
Ҳар айб ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Бо эҳтиром
Абдулло аз Истамбул
---------------------------------------------

Ба номи худованди меҳрубон!
Салом ба аҳли Тоҷикистон ва ба шабакаи радиои Озодӣ!
Аммо бад мо хеле масрур ҳастем аз ин суоли пешкаш кардагиатон!
Манзури ман аввал дар ислом баъзеҳо,ки каме исломро намефаҳманд гапҳои нописанд ба ислом мезананд ин дуруст нест. Лекин як чизро ба назар хоҳад гирифт чӣ хеле ки бародарон дар боло зикр карданд агар одаме,ки исломро мефаҳмад як кори камтар хато кунад даррав изҳор мешад, инро фикр намекунанд,ки имрӯзҳо баъзе ҷавонон ба чӣ корҳо дастзанӣ мекунанд!

Чи хеле ки хоҳари Нигина зикр карданд, ки барои ҷавонон ба сабаби дарсҳояашон изоч(халал) мерасонанд хатои калон зикр карданд чун,ки он ҷавонон басабаби ҷохилияташон ин гапҳоро мезананд!
албата аввал донистан даркор, ки ислом чист???
Мисли баъзе одамоне, ки намозхониро ёд гирифтанду аз падарҳояшон гапҳои калон-калон ё зидди давлат гапҳои ноҳақ мезананд албатта аз ин корҳо баъзе одамон монанди Нигинабону дилшикаст аз ислом мешаванд!
Ислом чист? Манъ мекунад аз ифротгароӣ, дуздӣ, конуншиканӣ, духтарбозӣ агар хар як одами муслим исломро хуб донад албатта дар ислом зикр шудааст, ки аввал гапи Худованд субҳонаҳу ватаоло, ду гапи паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам баъд Ҳоким(амрфармо)мо ҳеч вақт зидди ислом нестем ва ҳеч вақт ислом зидди мо нест!!!
Хулоса, пеш аз савор шудани мошин бояд донист, ки ба куҷо рафт!!!
Барои ҳамин баъзе бародарон ё ин ки хоҳарон исломро, лаззати исломро намефаҳмед дар ҳаққи ислом ҳар чи мегўед.

Бо эҳтиром
Фаридунҷон
---------------------------------------------
Рў овардани ҷавонон ба масчиду мадраса хеле манфиати бузург аст, аммо афсўс аз чи бошад, ки бархе аз мардуми мо ба ин муқобил мебароянд. Як нуктаро ман ҳеч намефаҳмам, дар ҷои дигаре баҳс доштем дар мавзўи либоси сарояндагони мо. Аксарият либоси овозхононро танқид карданд, аммо бархе гуфтанд, кишвари мо демократист, ҳар кас ҳарчӣ хоҳад кардан мегирад. Агар ин хел бошад, чаро вақте ки ҷавонон ба масҷид мераванд, мо кишвари демократй буданамонро фаромуш мекунем? Ҳол он ки демократия барои ҳама демократия аст.

Дигар ин ки ислом зидди илм нест. Пайғамбари мо Муҳаммад (с.а.в.) мефармояд: Эй уммати ман бар шумо бод, ки зи гаҳвора то гўр дониш биҷӯед.

Бо эҳтироми бепоён
Муҳаммадӣ, ғариб
---------------------------------------------

Баҳси равшанфикрони динӣ ва дунявӣ ба ҳама зарар мерасонад, Айбҷӯӣ ба фоидаи ҳеч кас нест.

Иқбол
---------------------------------------------

Салом ба радиои Озодӣ.
Хеле саволи ҷолиб пешкаш кардаед.
Ман мехоҳам суханони маро пурра нашр кунед. Афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ислом ин ба некию хушбахтии мардуми тоҷик далолат мекунад. Локин шарти асосӣ ин аст, ки ҷавонон бояд динро аз манбаи асосии он Қурон ва суннати пайғамбар бигиранд. Дар он сурат пешрафт мекунанд ва аз хурофоти мазҳабӣ эмин мемонанд, зеро ислом даъват ба ахлоқи нек мекунад.
Ҳамзамон ҳар хатое ки аз шахси мусулмон рўй медиҳад, ин далолат нест, ки ислом даъват ба корҳои бад мекунад.

Ва мехоҳам ба хоҳари Нигина бигўям, ки ислом ҳаргиз душманни дигар илмҳо нест, балки ба илм омўхтан ва пешрафтаи инсону ҷомеа даъват мекунад. Агар бештар донистан хоҳед, китобҳои мўътабари исломиро мутолиа кунед.

Абумуҳаммад аз хориҷи кишвар
---------------------------------------------


Рафтани ба масҷид меҳру муҳаббати ҷавонони моро ба дин, миллат ва волидайни худ зиёда мегардонад. Онҳоро аз бадиҳо нигоҳ медорад.

Ҷовидон
---------------------------------------------

Ба ман аз ҳама бештар суханони Муҳаммад Вафо аз Исломобод писанд омад. Аммо ин чо як чиз чандон равшан нест, ки вақте мо равшанфикри динӣ мегўем, киро дар назар дорем. Агар равшанфикрони динии мо дарвоқеъ ҷавонони моро дар роҳи нек тарбия кунанд, ин хуб аст. Аммо равшанфикри динӣ касест, ки дар дин равшанӣ меадозад, онро аз хурофот тоза мекунад, мунодй ва тарафдори ислоҳоту пешрафт аст. Оё дар ватани мо чунин равшанфикрони динӣ ҳастанд? То ҳоло фақат шикояту нолаи онҳоро мешунавем, аммо дар ҳаёти мардум чи коре кардаанд, ё муҳим набудааст ё муҳим будаасту мо намедонем.

Бо эҳтиром
Сайидвалй
---------------------------------------------

Ман аз ин фақат хурсанд мешавам. Зеро чанд рафиқи худамро медонам, ки бисёр чавонони бадахлоқ буданд, ва баъд аз намозхон шуданашон ончунон баодоб шуданд, ки бовари кас намеояд. Дини ислом ин дини тарбиявӣ ва ҳақ аст!

Бо эҳтиром
Муҳаммадҷон
---------------------------------------------

Бо салом.
Посухи суоли шумо «МУСБАТ» хоҳад буд, чун оянда аз ИСЛОМ аст.
Ман ба зиёиёне ки ба руҳонияти муаззам нигоҳи ҳақоратомез доранд, тавсия мекунам, ки худро бо ислом тараф накунанд, чунки гуфтаанд:

Чароғеро ки эзид барфурузад
Ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисузад.

Ба руҳонияте ки таҳқир шудаанд, мегўям, ки:

Эй дил сабур бошу махур ғам ки оқибат
Ин шом субҳ гардаду ин шаб саҳар шавад.

Бо эҳтиром
Алиҷон аз Душанбе
---------------------------------------------

Табъан мусбат. Ба фикрам, ҳар фарде, ки ба дини ҳақ ру овард, аз бисёр корҳои номатлуб даст мебардорад. Гумонам ками одамон дар ҳоли сачда ба Аллоҳ, даст ба қочоқу истеъмоли мухаддарот, қатлу зино ва амсоли инҳо мезананд. Зеро дар ҳар намози худ мо камаш ду маротиба ояи "Иҳдино сирот-ал-мустақим"-ро ба лисон мегирем. Пас, ба ҳангоме, ки мо аз Аллоҳ роҳ суйи ҷаннат мехоҳем, чаро Он зоти пок моро аз ин чиз бенасиб гузорад?.

Оё мебинед, ки чи гуна ҷавонони мо тағйир меёбанд? Ин ҳама ба шарофати ислом аст. Ба зиёиён бошад корам нест. Ман ақли худро дорам.

Пушёнӣ
---------------------------------------------

Аввалан бояд зикр кунам, ки оҳанги қисми аввали суолатон бароям хушоянд нест. Зеро одатан он нуктае мавриди суол қарор мегирад,ки мавриди шакку шубҳа бошад.
Новобаста аз он ки воқеъият чигуна аст, дар кишвари мусулмонон матраҳ намудани ин суолро ғаразнок ва ғайримантиқи мешуморам.
Вале чавоб ба қисми дуюми суолатон ин аст, ки андешаи Эшони Маҳмудҷони Тураҷонзода дар мавриди он, ки арзишҳои миллиро руҳониён ҳифз кардаанд(бахусус дар замони шурави ки аксари зиёиён рус гашта буданд)қабул дорам.Ва як нуктаи А.Ҳ.Раҳнамо сари масъалаи зиёи бароям писанд аст. Яъне ба ин маъни: С.Айни, ки "сардафтар"-и зиёиёни имрузист, хатмкардаи мадрасаи исломист ва муаллифи китобҳое аз кабили "Заруриёти диния".
Пас тоҷики асил кӣ буданаш маълум?!

Тоҷики МУСУЛМОН
---------------------------------------------
Салом радиои Озодӣ.
Мавзўъи афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба исломро ба қалам гирифтаед, ба фикри ман, ин бисёр мавзўъи муҳим аст. Барои он ки дини ислом яке аз динҳои бузурги дунё мебошад ва дар замони шуравӣ мо имкон надоштем, озодона аз дини худ пайравӣ кунем. Нуқси зиёди ҷомеаи мо аз ҳамин маншаъ мегирад.

Одамоне ки худоро намешиносанд, аз ҳеч кас наметарсанд ва даст ба корҳои бад мезананд. Онҳое ки исломро мешиносанд, ҳалолу ҳаромро хуб фарқ мекунанд ва онҳо ҳаргиз касеро озор намедиҳанд, дуздию фиребгарӣ намекунанд. Барои он ки онҳо ба худо бовар доранд ва боз бовар мекунанд, ки одами нағз бошанд, иншоаллоҳ ба ҷаннат мераванд. Ва фикр мекунам, ки агар Тоҷикистон тараққӣ карданӣ бошад, ана ҳамин вақт тараққӣ мекунад. Биноан афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба исломро бисёр мусбат аст барои ояндаи ватани мо.

Раҳмат
---------------------------------------


Ба фикри ман гароиши ҷавонон ба ислом ҳам ҷанбаи бадӣ дорад ва ҳам хубӣ. Хуб мебуд агар ҷавонон ба маънои ислом ва қавоиди он бештар сарфаҳм мерафтанд ва онро на ҳамчун ниқоб барои амали кардани аҳдофи ҳаётии худ истифода мекарданд. Бадаш он ки ҷавонони точик бо баҳонаи дину мазҳаб аз омузиши фаннҳои муосир даст мекашанд.

Масалан ман шоҳидам, ки ҳар рузи панҷшанбе ва ҷумъа ҷавонони зиёд барои намозгузорӣ ба суи мадраса мешитобанд. Агар ҳамин гуна ба суи донишгоҳ мешитофтанд, хеле хуб мешуд. Боре ҳатто ман аз онҳо пурсидам, ки чаро дар вақти дарс шумо на ба мактаб, балки ба мадраса меравед? Эшон бо қаҳр ба ман гуфтанд, ки шумо аз дину мазҳаб дур афтодаед ва ин маънои онро надорад, ки мо ҳам мисли шумо кофир шавем. Дин бояд дар дилу рафтори ҷавонон бошад, на дар таъсири манфии он.

Нигина, Душанбе
---------------------------------------

Камина пеш аз ҳама мехоҳам дар бораи вожаи "зиёӣ" чизе бигўям. Вожаи зиёӣ ё рушанфикр ин тарҷумаи intellectual аст, ки то дараҷае бозкунандаи маънои ин истилоҳи лотинӣ буда наметавонад. Ва хуб мешуд, агар мо аз паи калимаи зиёӣ ё рушанфикр вожаҳое чун "ҳушманд" ё "фарзона"-ро истифода медурдем. Агар ин калимаҳо дар мо аз паи зиёӣ роиҷ гарданд ҳоҷат ба зиёии динӣ ва дунявӣ гуфтан намемонад. Шояд сари ин мавзўъ баъдтар чизе нависам...
Пас аз фуру рафтани империяи Шўравӣ дар майдони идеологӣ халое ба вуҷуд омад. Бояд ин холигӣ аз ҷонибе пур карда мешуд. ин аст, ки аз ҷаҳор тараф динҳои бегона аз қабили насрониву ким кадом "шоҳидони бешоҳид" ба Тоҷикистон сар даровардан. Мардум, ки 70 сол даст дар пеши сина ба МЭЛС "сано" мехонданд, интизори чунин даврон буданд, ки ба асли худ баргарданд. Ва имрўз хушбахтона миллати мо ҳақиқатро дарёфт, ки ҷавононаш роҳ ба сўи масҷид пеш гирифтанд, ки ин барои "зиёиёни дунявӣ" хушоянд нест. Дар хотир дорам, ки дар синфи ҳафтумиам як гуруҳ ҷавонон ба масҷид мерафтем ва кормандони КГБ аз қафои муллое, ки моро сабақ медод чун парвона назораткунандаҳо монда буданд. Дар охир ба мақсади хеш расиданд ва аз ҷониби мўйсафедони деҳа масҷидравии мо ман карда шуд. Дар ҳоле, ки мо бо нияти нек дари масҷидро боз мекардем...
Шояд вақти он расида бошад, ки мо ба асли худ баргардем.
Ва фурсати он фаро расида бошад, ки давлат аз дини мубини Ислом пуштибонӣ намояд.
Хулас ба масҷид афтани ҷавонон падидаест, ки шахсан ман ҳамчун ҷавон ва шаҳрванди Тоҷикистон дер боз интизораш будам.
Эй Худоҷон!!!

Баҳман
----------------------------------------
Дар ҳамин рўзҳо дини ислом дар байни ҷавонон хело машҳур шудааст. Лекин афсўс, ки на ҳама исломи ҳақиқиро меомўзанд. Масалан, идеологияи Ҳизбуттаҳрир, ки баъзе ҷавононро чашмбанд карда, раҳгум мезанонанд ва ба ояндаи онҳо зарари бузурге мерасонанд. Чунки мақсади онҳо ҳаргиз ба сулҳу оромй намебарад.

Мисол, бад дидани ғайримусулмонон ин хатои бузург аст. Дар масҷидҳо яҳудй ин хел аст, кофир аст, вай аст гуфтан мафкураи насли наврасро вайрон мекунад ва дар онҳо нисбати дигар одамони дунё нафрат пайдо мекунонад. Бо баробари динро омўхтан дигар илмҳоро ҳам омўхтан даркор аст ва дили пок доштан даркор аст.


Киропол
---------------------------------------
Салом...
Аввалан, мо тарафдор ҳастем барои бисёр шудани ҷавонон дар ислом. Дуввум, вақте ки дар ислом бисёр дароянд, худованд барои мусулмонон кўмаке меояд, барои ҳамин тарафдор ҳастем ба бисёр шудани ҷавонон дар ислом.

Йигит
-------------------------------------
Чароғеро ки эзид бар фурузад
Касе пуфаш кунад, ришаш бисузад.

Рўй овардани ҷавонон ба ислом натиҷаи холигоҳи маънавиест, ки ҷаҳони моддигароӣ ба бор овардааст. Инсонҳо бо фитрати азалии худ худопарастанд ва новобаста аз бемеҳриҳои рузгор ба суроғи гумшудаи волои худ мераванд. Ниёишу парастиш ва пайравй аз дину мазҳаб аз ҳуқуқҳои аввалияи ҳар фард аст ва онро набояд манфй баршумурд. Эй кош ҷавонони миллати азизи ман ба ивази саргармӣ дар тарабхонаву майхонаҳо дар пайи бунёди фарҳанги худшиносиву худошиносӣ буданд!

Аз сўйи дигар рўй овардани мавҷ-мавҷи одамҳо ба сўйи ислом, пайғоми рўшане ба ҷаҳониён аст, ки бо вуҷуди басеҷи мунсаҷиму ғайримунсаҷими низомй, эъломй ва истихборотии қудратҳои берунй ва ҳуккоми мустабиди кишварҳои мусулмоннишин, қуввае дар ғайб ҳаст, ки пуштибони ин маслаки сармадист.

Вафо
-----------------------------------
Дар пайванд ба баҳси миёни равшанфикрони динӣ ва дунявӣ бояд ҳаракати миллӣ мазҳабиеро ба вучуд овард, то равшанфикрон аз динситезй ва мазҳабиҳо огоҳтар аз арзишҳои миллй бигарданд.
Ду равшанфикри воқеё, ҳам динй ва ҳам миллй метавонанд, ҳамдигарро беҳтар дарк кунанд ва бидуни маломату сангандозй ба якдигар миллатро ба масири дуруст пеш баранд. Равшанфикрони азизи мо бояд бидонанд, ки мағз андар мағзи фарҳанги мо исломист ва ислом дар рагу пайванди миллат нуҳуфтааст. Шояд кам миллате дар таърих бошад, ки ба андозаи форсҳо ба ислом хидмат карда, бузургонеро ба он тақдим карда бошад. Давлати Сомониён, ки имрўз равшанфикрони азизи мон онро улгуи худ қарор додаанд, дар оғуши ҳамин ислом миллати тоҷикро ҷовидон сохт.

Дурии равшанфикрони дунявй ва динӣ ва нобоварӣ ба якдигар ҳосили сиёсатҳои худоситезонаи даврони шуравист ва тадриҷан, арагчи сахт ҳам бошад, метавон онро аз байн бурд.
Тарафҳо бояд сари масoили умда муттафиқ бошанд. Дар масоили фаръӣ муҳим нест ваҳдати фикрӣ вуҷуд дштабошад, чун ихтилоф дар андеша аз фитрати инсонҳост ва дар мисли чунин масоил гоҳе ҳатто ду равшаникри як табақа низ бо ҳам ихтилоф мекунанд.

Муҳаммад Вафо,
Исломобод

-----------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG