Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даст ба тавофуқ ёфтани фаластиниҳо дар Макка


Ба думболи ду рӯзи музокирот дар шаҳри муқаддаси Макка Ҳамос ва Фатҳ, гурӯҳҳои рақиби фаластинӣ дар бораи ташкили як давлати ваҳдати миллӣ ба тавофуқ расиданд. Ба санади мавсум ба "эъломияи Макка" дар ҳузури подшоҳи Арабистони Саудӣ амир Абдуллоҳ раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ба намояндагӣ аз гурӯҳи Фатҳ ва раҳбари сиёсии Ҳамос Холид Машъал, ки дар ҳиҷрат дар Димишқ ба сар мебарад, имзо гузоштанд. Ахзи ин тавофуқ ба думболи кашмакашҳои хунини байни тарафдорони ин ду гурӯҳ дар сарзаминҳои фаластинӣ, ки танҳо аз моҳи декабр ба ин сӯ бино ба гузоришҳо, 100 кушта бар ҷо гузоштааст, ба даст омад.

Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, намояндаи Ҳамос Исмоил Ҳания курсии сарвазириро ҳифз мекунад, аммо ба симати муовини сарвазир акнун намояндаи гурӯҳи Фатҳ нишаста, вазоратхонаҳои дохила ва хориҷаи ташкилоти худгардони Фаластин бояд ба нафарони мустақил супурда шаванд. Маҳмуд Аббос дар Макка тавофуқи бадастомадаро оғози як даврони нав барои фаластиниҳо ба қалам дод. Холид Машъал аз тарафдорони ҳарду гурӯҳи Ҳамосу Фатҳ даъват кард, дар роҳи иҷро ва мурооти комили эъломияи Макка аз худ дареғ надоранд.
Дар пайи имзои эъломияи Макка, Маҳмуд Аббос ба ҳайси раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин расман аз Исмоил Ҳания хоста, ки ҳайъати нави кобинаи вазиронро ташкил кунад.

Исмоил Ҳания изҳори умедворӣ кард, ки акнун хушунатҳои хунин дар сарзаминҳои фаластинӣ поён хоҳанд ёфт: "Аз ин ҷо, Худо хоҳад, марҳалаи ҷадиде барои фаластиниҳо оғоз меёбад. Ин давраи ҷиддиест дар амри такмили барнома, расидан ба ҳадафи миллии мо ва расидан ба озодӣ аз таҷовузи фарогир."

"Эъломияи Макка" ҳамчунин ба эҳтироми тавофуқоти ахири сулҳ бо Исроил даъват мекунад. Ин дар ҳолест, ки Ҳамос бо вуҷуди исрори Ғарб, ки як сол боз давлати таҳти раҳбарии ин гурӯҳро таҳти таҳримот қарор додааст, аз эътирофи ҳаққи вуҷуди Исроил ҳамчун давлат то кунун саркашӣ кардааст. Вале акнун фаластиниҳо умедворанд, ки ташкили давлати ваҳдати миллӣ ҳалқаи танги ин таҳримоти иқтисодиро боз ва бори гарони зиндагиро барои онҳо сабуктар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG