Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости ислоҳи вазъи ҳуқуқи инсон аз Туркманистон


Бахши туркмании Радиои Озодӣ

Ду гурӯҳи бонуфузи байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар аз Туркманистон тақозо карданд, ки дар самти ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар дар пешоруйи омодагиҳо ба нахустин интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар тӯли 15 соли охир гом бардорад.

Созмони Афви байнулмилал аз Туркманистон даъват намуд, ки барои хатми сиёсати шиканҷа, ҳабсҳои сиёсӣ ва табъиди иҷборӣ тадбирҳои фавриро андешад.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Дидбони Ҳуқуқи башар, Ҳюман Райтс Вотс, гуфт, ки агар ҷомеаи байнулмилалӣ дар самти роҳандозии ислоҳоти воқеии ҳуқуқи башар дар ин кишвар иқдоме наандешад, дар интихоботи рӯзи якшанбе дар Туркманистон дикторурии нав сари қудрат хоҳад омад.

Коршиносон тахминҳо мезананд, ки раиси ҷумҳурии муваққати ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба эҳтимоли бештар ҷойгузини Сафармурод Ниёзов, раҳбари пешини Туркманистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG