Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони фаластинӣ дар Макка ба мувофиқа расиданд


Раҳбарони рақиби фаластинӣ баъди ду рӯзи баррасиҳо ниҳоят дар Макка қарордодеро ба имзо расониданд, ки дар воқеъ маънои эҷоди ҳукумати ваҳдати миллиро дорад.

Раиси ҷумҳурии маъмурияти Фаластин Маҳмуд Аббос ва раиси ҳизби ҳокими Ҳамас Холид Машъал барои тақсими қудрат муомила мекунанд, чун ин танҳо роҳи хатми хушунатҳое мебошад, ки моҳҳои охир сарзамини Фаластинро пахш кардааст.

Дар қарордоди мазкур принсипҳои асосии эҷоди ҳукумати эътилофӣ, бо иловаи феҳрасти вазифаҳои аъзои кабина дар ҳукумати нав навишта хоҳад шуд. Аз ҳоло ишора шудааст, ки тибқи қарордоди эътилофи мазкур, вазифаи нахуствазирӣ дар ихтиёри Ҳания боқӣ хоҳад монд, дар ҳоле, ки ба вазифаҳои ҷанҷолбарангези вазирони умури дохила ва хориҷа афроди мустақил ҷалб хоҳанд шуд.

Талошҳои барои ба даст овардани қудрат шурӯъ аз моҳи декабри имсол ба ҳалокати 100 нафар сабаб шуд.

Дар Навори Ғазза, ки ба маҳалли даргириҳои хушунатбори фурсати ахир табдил шудааст, мардум тасвиби қарордоди мазкурро шодбош гуфтанд.

Дабири Кулли СММ Бан КИ Мун бо истиқболи созишномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ онро як иқдоми муҳим барои оянда унвон кард ва изҳори умедворӣ кард, ки ниҳоят ин санад ба хатми хушунатҳо сабаб хоҳад шуд.

Ҳанӯз вокуниши Амрико дар ин замина пахш нашудааст. Оқои Аббос аз ҳукумати оянда даъват намуд, ки қавонини байналмилалиро эҳтиром намуда дар муносибат бо Исроил тибқи қарордоди сулҳ амал намоянд. Ӯ аз нахуствазир Исмоил Ҳания ташкили ҳукумати нави Фаластинро тақозо кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдулло ибн Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ ваъда додаст, ки барои дастгирии иқтисоди Фаластин ба ҳукумати ин кишвар як миллиард доллар тахсис хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG