Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёдбуди марги Хуршеда Султонова, духтараки нӯҳсолаи тоҷик


Имрӯз, 9-уми феврал, ба кушта шудани Хуршеда Султонова, як духтараки 9-солаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург се сол пур мешавад.


Шоми 9-уми феврали соли 2004 гурӯҳи наврасону ҷавонони мусаллаҳ ба Хуршеда, падар ва бародари хурдсоли ӯ дарафтод. Пизишкон дар бадани Хуршеда баъдан пайи 13 захмӣ кордро пайдо карданд.


Мақомоти интизомӣ афроди муттаҳамро боздошт намуданд, аммо додгоҳи Петербург ҳафт муттаҳами парвандаро ба мӯҳлати аз якуним то панҷуним сол равонаи зиндон кард. Додгоҳ онҳоро на бо гуноҳи қатли инсон бо ангезаҳои нажодпарастона, балки бо иттиҳоми авбошӣ муҷозот намуд ва боиси интиқоди шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар шуд.


То ҳол дар Русия ҳодисаҳои ҳамла ва қатлу куштори шаҳрвандони хориҷӣ, бо ангезаҳои бегонаситезиву нажодпарастӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Танҳо соли гузашта аз Русия ҷасади 350 шаҳрванди Тоҷикистон оварда шуд, ки қисме аз онҳо дар натиҷаи чунин ҳамлаҳо ба ҳалокат расидаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG