Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Сурия


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, зимни боздидаш аз Сурия гуфт, Тоҷикистон мухолифи шиддати муқовиматҳои низомӣ ва истифодаи нерӯ дар ҳалли қазияҳои мавҷудаи Шарқи Наздик ва Миёна буда, ҳалли сиёсии ҳама низоъҳоро бо дар назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад. Ин суханонро оқои Раҳмонов ҳангоми мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад баён кард. Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳоти ҳидроэнержию саноати сабук, сохтмон, истихроҷ ва коркарди металлҳои рангаю сангҳои қиматбаҳо, бунёди коргоҳҳои муштараки заргарию истеҳсоли ҷавоҳирот табодули назар кардаанд.

Дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Сурия байни Димишқу Душанбе 7 санаду қарордоди ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳоти фарҳанг, иттилоот, ҷаҳонгардӣ ва тазмини сармоягузориҳо имзо шудаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон инчунин бо муҳассилини тоҷики донишгоҳҳои Сурия низ дидор доштааст. Бино ба маълумотҳои оморӣ, дар донишгоҳҳои Сурия беш аз 50 дониҷӯи тоҷик таҳсили илм мекардааст. Боздиди Эмомалӣ Раҳмонов аз Ховари Миёна охири ҳафтаи ҷорӣ ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG