Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти вижаи ниҳодҳои интизомӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд


Субҳи рӯзи панҷшанбе, 9 феврал дар натиҷаи як амалиёти вижа дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ кормандони хадамоти гумрук, марзбонӣ ва амниятии маҳаллӣ боздошт шудаанд.


Хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, субҳи нуҳӯми феврал дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби додситонии нақлиёт ва шӯъбаи корҳои дохилаи вилояти Суғд ҳангоми қайди мусофирони хатсайри Хуҷанд - Маскав як амалиёти вижаи ҷилавгирӣ аз мавориди фасод пиёда шудааст.


Дар натиҷа як гурӯҳ кормнадони хадамоти амниятӣ, гумрук ва марзбонии фурӯдгоҳ боздошт шудаанд.


Интизор меравад, тафсилоти хабар дар як конфронси вижаи матбуотӣ шарҳ дода шавад.
XS
SM
MD
LG